Главная / Ҷамъият / Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд

Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд

Моддаи 219-и Кодекси Андоз. Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд

  1. Андозҳо барои захираҳои табиӣ дар ҳолати истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодабарии сарватҳои зеризаминӣдар доираи қарордодҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣва (ё) истифодабарии об барои истеҳсоли нерўи барқ пардохт мешаванд.
  2. Ҳангоми истифодабарии захираҳои табиӣ истифодабарандагони онҳомувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд.
  3. Фасли мазкур тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳои истифодабариисарватҳои зеризаминиро ҳангоми гузаронидани амалиёт оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, инчунин роялти барои оби барои истеҳсоли нерўи барқ истифодашаванда муқаррар мекунад.
  4. Хусусиятҳои иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, ки дар доираи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот анҷом дода мешаванд, дар фасли XVII Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд.
  5. Андозҳо барои захираҳои табиӣ инҳоро дар бар мегиранд:

-андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ (бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ, роялти барои истихроҷ);

-роялти барои об.

  1. Тамоми намудҳои бонусҳо ва роялтибарои захираҳои табиӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида аз даромади умумӣ тарҳ карда мешаванд.
  2. Назоратипардохти андозҳоробарои захираҳои табиӣ мақомоти андоз анҷом медиҳанд.
  3. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо барои захираҳои табиӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳои андоз (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …