Моддаи 189-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда
- Ҳар як андозсупоранда ўҳдадор аст:
-ба мақомотиандози дахлдор дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ эъломия пешниҳод намояд;
-ба мақомоти андози дахлдор то 15-уми апрел эъломияи иловагӣ (тасҳеҳшуда) оид ба фаъолият дар соли гузашта бо нишон додани хароҷот ва бақияи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод кунад;
-барои ҳар як давраи ҳисоботӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати барои пешниҳод намудани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба буҷет андозро пардохт намояд.
- Агар дар ҳамин фасл тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рўзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модданисбат ба шахсе, ки танҳо ҳангоми воридоти молҳо андозсупоранда мебошад, татбиқ намегарданд.
- Агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, андоз аз арзиши иловашударо оид ба воридоти андозбандишаванда мақомоти гумрук мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунанд ва меситонанд.
- Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд