Моддаи 185-и Кодекси Меҳнат. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ў аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст
- Корфармо уҳдадор аст ба корманд маоши нагирифта ва дигар пардохтҳоро дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, роҳ надодан ба ҷойи кор, яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, дур кардан аз кор ва беасос бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.
- Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон мумкин аст ҳолатҳои дигари аз ҷониби корфармо ҷуброни зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имкониятҳои меҳнат кардан маҳрум намудани ў расонида шудааст, муқаррар карда шавад.