Моддаи 167-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳадди баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Суд бо ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар ҳаҷми пуррааш нисбати ҳамаи шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ наовардаанд, месанҷад.