Главная / Ҷамъият / Эълон кардани қарор аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз

Эълон кардани қарор аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз

Моддаи 158-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Эълон кардани қарор аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз

  1. Қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз қабулшуда баъди қабули он фавран эълон мегардад.
  2. Нусхаи қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз қабулшуда дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабул гардиданаш ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор қабул гардида буд, инчунин ба ҷабрдида ҳангоми шикоят кардани ӯ ва ба прокуроре, ки эътироз оварда буд супорида ё фиристода мешавад.
  3. Қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз оид ба ҳабси маъмурӣ қабулшуда дар рӯзи қабул гардидани он ба маълумоти мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) масъули иҷрои қарор, ба шахсе, ки нисбати ӯ ин қарор қабул гардидааст, ба ҷабрдида, инчунин ба маълумоти прокурор расонида мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …