Главная / Ҷамъият / Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ

Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ

Моддаи 128-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ

Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакунӣ ва кӯҳкании  вобаста ва ҷустуҷӯ, кашф ва истифодаи  конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об хабар дода, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба  ҳифзи оби  зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва камшавӣ тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки  обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои  танзимкунанда ва воситаҳои   назорат муҷаҳҳаз намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …