Главная / Илм / МОДДАҲОИ МУҚБИЗ

МОДДАҲОИ МУҚБИЗ

mukbizМОДДАҲОИ МУҚБИЗ, давоҳое, ки зуҳуроти ҷузъии газакро кам карда, вале ба рафъи сабабҳои пайдоиши он қодир нестанд. Аз ин сабаб онҳоро, одатан, якҷоя бо доруҳои зидди илтиҳоб тавсия мекунанд. Агар ба ҷои газакёфта ё сӯхта М. м. моланд, сафедаҳои қабати болои пӯст шах шуда, пардаи тунукеро ба вуҷуд меоранд, ки он бофтаҳои зерро аз таъсири ангезиш муҳофизат мекунад.
Моддаҳои ба истилоҳ даббоғӣ, ки дар таркиби бисёр растаниҳо ҳастанд (пӯстлохи булут, алафи чойкаҳак, барги мармарак, гулҳои бобуна, меваи маҳлаб ва ғ.), инчунин баъзе маводи ғайриорганикӣ – пайвастҳои висмут, сурб, алюминий ва ғ. дорои хосияти ғунчасозӣ мебошанд. Доруҳое, ки аз онҳо тайёр карда мешаванд, барои ғарғара (мас., ҳангоми илтиҳоби ҳалқу бинӣ), молидан ба ҷои сӯхта, реш ва пӯсти кафида истифода мегарданд. Ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда духтурон баъзан М. м. таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …