Главная / Илм / МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

miokardiodistrofiyaМИОКАРДИОДИСТРОФИЯ (Myocardiodystrophia; аз мио…, кардио… ва trophe – ғизо), ҳолати маризии дил. М. бо дистрофияи ҳуҷайраҳои кашишхӯрандаи мушаки дил (миоситҳо) ва сохторҳои системаи ноқилии он падид омада, фаъолияти асосии миокардро халалдор месозад (мас., автоматизм, кашишхӯрӣ, ноқилият, ангезиш ва ғ.). М.-ро аз тағйироти дегенеративии миокард, ки баъзан миокардиоз ҳам меноманд, фарқ кардан лозим аст (мас., ҳангоми амилоидоз, гемохроматоз ва ғ.).
М. метавонад зери таъсири омилҳои гуногуни дохилию берунӣ, ки раванди мубодилаи моддаҳоро дар мушаки дил табоҳ мегардонанд, зуҳур ёбад. Ба сабабҳое, ки муҷиби М. мегарданд, инҳо мансубанд: таъсири заҳри бактерияҳо (чунончи, ҳангоми тонзиллити музмин), заҳрҳои саноатӣ (мас., бензини этилиронида), моддаҳои химиявии рӯзгор (мас., инсектитсидҳои фосфорорганикӣ), афканишоти ионнок, аз воя зиёд кор фармудани баъзе доруҳо, майзадагии музмин, дар таркиби ғизо нарасидани моддаҳои барои организм зарур (сафедаҳо, витаминҳо) ва ғ. М. ҳамчунин дар мавриди барзиёдӣ ё норасоии ягон моддаи биологии фаъол ба вуҷуд меояд. Мас., ҳангоми дар таркиби хун зиёд будани гормони ғадуди сипаршакл иллате бо номи «дили тиреотоксикӣ» пайдо мешавад, ки ҷараёни вазнин дорад. Сабаби М.-и ҳангоми гипотиреоз сарзада бошад, норасоии гормони мазкур аст. М. метавонад дар натиҷаи зӯр овардан ба миокард низ рух намояд (ҳангоми гипертензияи артериявӣ, нуқси дил, машқҳои сахти ҷисмонӣ), хусусан агар ин гуна зӯроварӣ бо гипоксия якҷо падид ояд. М.-е, ки бинобар анемия ва ишемияи миокард зуҳур меёбад, аз гипоксия манша мегирад. Дар сурати рафъ намудани сабабҳои пайдоиши М. тағзияи миоситҳои зарардида мумкин аст куллан барқарор шавад. Агар омилҳои зиёновар дуру дароз таъсир намоянд, пас як қисми миоситҳо маҳв гашта, ба ивази онҳо бофтаи пайвандӣ инкишоф меёбад (кардиосклеро).
Пешгирӣ ва муолиҷаи М. қабл аз ҳама ба рафъ сохтани омили он нигаронида шудааст. Дар ҳама гуна ҳолатҳо таъин намудани хӯроки серғизо, серсафеда, истифодаи поливитаминҳо, оротати калий, рибоксин, гормонҳои анаболӣ муҳим аст. Пешомади М. ба дараҷаи вазнинии беморӣ ва табобати бемории асосӣ вобастагӣ дорад.

Н. Ҳ. Ҳамидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …