Главная / Илм / МИКРОИҚЛИМ

МИКРОИҚЛИМ

mikroklimatМИКРОИҚЛИМ, иқлими қитъаҳои хурди рӯи замин (М. – и воҳа дар биёбон, ҷойҳои холии беша, дара, сой ва ғ.), ки бо шароити обу ҳавои хоси худ аз минтақаи иқлимии мавҷуда фарқ мекунад. Шароити иқлими сунъиеро, ки дар гармхонаҳо, обанборҳои сунъӣ, биноҳо, инчунин дар нақлиёт, киштиҳои кайҳонӣ ва стансияҳои мадорӣ ба вуҷуд оварда мешавад, низ М. меноманд. М. маҷмӯи омилҳои табии (ҳарорат, намӣ, гардиши ҳаво, фишори атмосфера, рӯшноӣ)-ест, ки ба организми одам, қобилияти меҳнатӣ, саломатӣ ва кайфияти ӯ таъсир мерасонад.
М. қисман ба релефи маҳал низ вобаста аст. Нишебии маҳалҳои самти ҷануб ва ҷануби ғарбӣ назар ба нишебии тарафи шимол офтобрӯя ва гармтаранд. Ҳарорати мавзеъҳои баланд ва нишеб аз якдигар фарқи куллӣ дорад. Одатан, дар пастиҳо ҳаво хунуктару сернам буда, М.- и ин гуна маҳалҳо ба саломатӣ чандон мусоид нест. Релефи маҳал ба қувва ва самти шамол таъсир расонда, гардиши ҳаворо муайян мекунад. Сифати хок низ ба М. таъсири муайян мерасонад. Замини санглох сахт тафсида, ба ҳаво гармии зиёд медиҳад; регхок ва ҳавои болои он бошад, рӯзона сахт тафсида шабона зуд хунук мешавад; сиёҳхок нисбат ба сафедхок энергияи офтобро бештар фурӯ мебарад, бинобар ин зиёдтар метасфад. Наботот ва обанборҳои кушода ҳароратро дар рӯзҳои гарми тобистон мӯътадил мекунанд. Дар ҳалли масъалаҳои бисёре, ки ба интихоби ҷойҳои сохтмони манзилгоҳҳо, маҳалҳои аҳолинишин, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, лагерҳои пионерӣ, иншооти спортӣ ва шаҳрсозӣ вобастаанд, ба назар гирифтани шароити М. ва хусусиятҳои маҳал ниҳоят зарур аст.
М.-и биноҳои пӯшида ба омилҳои иқлими атмосфера вобаста аст. Онҳо ҳангоми тартиб додани лоиҳаи бино, интихоби масолеҳи сохтмон, навъи сӯзишворӣ, тоза кардани ҳаво ва ғ. ба назар гирифта мешаванд. Ба вуҷуд овардани М.-и сунъӣ ба бартараф кардани иқлими номусоид ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат ва маишати одамон равона шудааст. Барои ба вуҷуд овардани М. – и сунъӣ усулу васоити гуногунро ба кор мебаранд. Дар вақти таҳияи лоиҳа ва сохтмони биноҳо шароити иқлиму релефи маҳал ва воситаҳои тоза кардани ҳаво ба назар гирифта мешаванд.
Оид ба М.-и биноҳои истиқоматӣ ниг. Манзил.

С. Р. Миралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …