МЕЗОТЕЛИОМА (Mesothelioma; юн. mesos – мобайнӣ, миёна ва [epi]thelium – эпителий), омосест, ки аз ҳуҷайраҳои мезотелий ташаккул меёбад; мезотелий пардаҳои серозии сифоқ (шикампарда), плевра ва ғ.-ро фаро гирифтааст. М. некфарҷом ва бадфарҷом мешавад. Дар давраҳои аввали беморӣ нишонаҳои болинии он возеҳ ба назар намерасанд. Дар ҷавфи серозӣ моеъи геморрагӣ ё зардобӣ гирд меояд. М.-и некфарҷомро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Муолиҷаи М.-и бадфарҷом комплексӣ аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …