Главная / Илм / МЕТАГОНИМОЗ

МЕТАГОНИМОЗ

metagonimozМЕТАГОНИМОЗ, як навъ бемории киҷҷавист аз гурӯҳи трематодозҳо. Ангезандааш – Metagonimus yokogawai. Дарозии гелминт 1,0 – 2,5 мм мешавад; дар рӯдаи борики саг, гурба, баъзе ҳайвоноти ваҳшӣ ва одам зиндагӣ мекунад. Ҳомили мобайнии онҳо нармбаданҳои оби ширин, ҳомилони иловагӣ бошанд, моҳиҳои дарёҳо (зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ ва ғ.) мебошанд. Одам ҳангоми истеъмоли моҳии хом сироят меёбад. М. бо дилбеҳузурӣ, дарди шикам, исҳол падид меояд.
Барои пешгирии М. моҳиро пеш аз истеъмол нағз пухтан лозим аст.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …