МЕНИНГОКОКК (Menungococcus), як намуди диплококкҳои грамманфӣ. М. ангезандаи бемориҳои менингококкӣ мебошанд. Андозаи М. 0,6 – 1,0 мкм аст. Ба шакли донаи қаҳва буда, дар моеи ҳароммағз ҷой мегиранд. Онҳо фақат дар муҳите меафзоянд, ки дорои сафедаи одам ё ҳайвонот аст. М. экзотоксин ҳосил намекунад. М. аз таъсири гармӣ (650С) баъди 5 дақ. маҳв мегардад. Моддаҳои гандзудо М.-ро баъди 1 – 2 дақ. маҳв месозанд. М.-ҳо ҳамчунин ба таъсири пенитсиллин, левомитсетин ва тетратсиклин ҳассос мебошанд. М. аз ҷиҳати сохтори подгунӣ (антигенӣ) ба серотипҳои А, В, С, D, X, V, Z ва ғ. ҷудо карда мешаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …