МАТБАХИ ШИРХОРАҲО, муассисаи тиббиест, ки кӯдакони ширмакро бо ғизои махсус тайёркарда – омезаҳои ширии муқаррарӣ, махсус ва табобатию ғизоӣ, бо таомҳо барои ғизои иловагӣ таъмин мекунад. Баъзан М. ш. бо таъиноти духтур шири сина (аз донорҳо)-ро ҳам медиҳад. Дар М. ш. омезаҳоро аз рӯи нусха (ретсепт)-и духтури кӯдакон (педиатр) тайёр мекунанд. Дар он талаботи физиологии кӯдак ба ин ё он қисми таркибии асосии хӯрок, саломатӣ ва тарзи инкишофи ӯ ба назар гирифт шудааст. Аз М. ш. бештар ҳангоми кам будан ё тамоман набудани шири модар, бадҳазмии он, инчунин дар мавриди бемориҳое, ки парҳези махсусро талаб мекунанд, истифода мебаранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …