Масофаи байни замин ва моҳ ҳамагӣ 384 403 километрро ташкил менамояд ва агар бо ҳавопаймо бо суръати 1000 километр /соат аз замин ба моҳтоб парвоз намоем пас 16 шабонарӯз вақт лозим аст.
Моҳ ин сайёра нест, балки радифи замин мебошад. Масоҳаташ – диаметраш назар ба замин 3,7 маротиба камтар аст ва ҳаҷмаш қариб 50 маротиба кам аст. Масоҳати руйи моҳтоб аз масоҳати руйи замин 13,5 маротиба кам аст.
Вазни моҳтоб аз вазни замин 80 маротиба кам буда ҳарорати ҳаво дар моҳтоб аз -127 дараҷа селсия то +127 дараҷа селсия мебошад ва дар он ягон нишонаи ҳаёт нест.