Главная / Илм / МАОРИФИ САНИТАРӣ

МАОРИФИ САНИТАРӣ

maorifi-sanitariМАОРИФИ САНИТАРӣ, паҳн кардани донишҳои тиббӣ ва гигиенӣ; дар байни аҳолӣ бо мақсади нигаҳдорӣ ва пойдор гардондани саломатии онҳо тарбия намудани малакаҳои беҳдоштӣ.
Гузарондани корҳои М. с. яке аз вазифаҳои асосии духтурон аст. Дар амалияи М. с. лексияю сӯҳбатҳои кормандони тиб, тарғиби донишҳои тиббӣ ба воситаи матбуот, радио, кино, телевизион ва ғ. истифода бурда мешаванд. Дар кори М. с. қасрҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, идораҳои истифодаи манзил, инчунин ҷамъиятҳои гуногун, ки адабиёти М. с. – ро нашр мекунанд, иштирок менамоянд. Тарғиби донишҳо оид ба пешгирии бемориҳо, хоса бемориҳои сироятӣ ва касбӣ, самти асосии М. с. аст. Ҳангоми ба роҳ мондани корҳои М. с. ба масъалаҳои пешгирии амрози дилу раг, бемориҳои онкологӣ, инчунин сил диққати асосӣ медиҳанд. Дар ин маврид дуруст ташкил намудани меҳнату истироҳат, тартиби ғизо, обутби организм, ҳифзи модару кӯдак ва ғ. аҳамияти калон дорад. Таълиму тарбияи беҳдоштро аз хурдсолӣ (аз боғчаи бачаҳо, яслӣ) сар мекунанд. Бо М. с. муаллимон дар дарсҳои муҳофизати тандурустӣ, биология, анатомия ва физиология, инчунин духтурони мактаб дар корҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ машғул мешаванд. М. с. ба ҳар як аъзои ҷамъият барои аз худ кардани донишҳо оид ба ҳифзи сиҳҳат имкониятҳои номаҳдуд фароҳам меорад. Тарғиби аёнӣ аҳамияти калон дорад. Вале танҳо аз усулу воситаҳои дурандешонаи М. с., фақат аз адабиёти махсуси маорифи санитарӣ истифода бурдан ҷоиз аст. Дар сурати надоштани маълумоти тиббӣ хондани китобу журналҳо ва диг. адабиёти тиббӣ, ки барои кормандони тиб таъин шудаанд, ҷоиз нест, чунки ин кор боиси пайдо шудани бемориҳои талқинӣ гашта, ҳолати мӯътадили рӯҳӣ ва ҷисмонии одамро вайрон мекунад.
Ад.: Ершов В. С., Беляева А. Т., Санитарное просвещение, М., 1982; Попов В. Ф., Беляева А. Т., Санитарное просвещение, М., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …