Главная / Гуногун / Малик бо писараш

Малик бо писараш

Яке дар санъати гуштӣ гирифтан саромада буд, сесаду шаст банди фунун бидонистӣ ва ҳар рўз ба навъе аз он гуштӣ гирифти, магар гўшаи хотираш ба ҷамоли яке аз шогирдон майле дошт, сесаду панҷоҳу нўҳ бандаш даромўхт магар як банд, ки дар таълими он дафъ андохтӣ ва таъхир карди. Филҷумла, писар дар қуввату санъат ҷар омад ва касеро бо ў имкони муқовимат набуд, то ба ҳадде ки пеши малики он рўзгор гуфта буд: «Устодро фазилате, ки бар ман аст, аз рўи бузургист ва ҳаққи тарбият, вагарна ба қувват аз ў камтар нестам ва ба санъат бо ў баробар».

Маликро ин тарки адаб нописандомад, фармуд, то мусораат кунанд. Мақоме муттасеъ тартиб карданд ва аркони давлату аъёни ҳазрат ва зуроварони рўи замин ҳозир шуданд.
Писари ҷавон чун пили маст андаромад ба салаботе, ки агар кўҳи оҳанин будӣ, аз ҷой баркандӣ. Устод донист, ки ҷавон ба қувват аз ў бартар аст. Бад-он банди ғариб, ки аз вай ниҳон дошта буд, бо ў даровехт. Писар дафъи он надонист. Устод ба ду даст аз заминаш болои сар бурд ва фурў куфт. Гирев аз халқ бархост.
Малик фармуд, то устодро хилъату неъмат доданд ва писарро заҷру маломат кард, ки бо парварандаи хеш даъвои муқовимат кардӣ ва ба сар набурдӣ.

Гуфт:
– Эй подшоҳи рўи замин, ба зўроварӣ бар ман даст наёфт, балки маро аз илми гуштӣ дақиқае монда буд ва аз ман дареғ ҳаме дошт. Имрўз бад-он дақиқаи бар ман ғолиб омад.
Устод гуфт:
– Бале, аз баҳри чунин рўзе, ки зиракон гуфтаанд: «Дўстро чандон қувват мадеҳ, ки агар душманӣ кунад, тавонад. Нашунидаӣ, ки чӣ гуфт, он кӣ аз парвардаи хеш ҷафо дид:

Ё вафо худ набуд дар олам,
Ё магар кас дар ин замона накард.
Кас наёмўхт илми тир аз ман,
Ки маро оқибат нишона накард»

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …