Главная / Илм / МАЙДОНИ МАГНИТИИ ЗАМИН

МАЙДОНИ МАГНИТИИ ЗАМИН

Яке аз хусусиёти таваҷҷуҳбарангези Замин аз дигар Системаҳои Офтобӣ дар он аст, ки вай дорой майдони магнитии қавӣ мебошад. Замин ин магнити бузург аст. Майдони магнитй барои ҳимояи организмҳои зинда аз таъсири зараровари афганиши шуъои Офтоб аҳамияти бузург дорад.

Ба ин ба акрабаки магнитии компас( қутбнамо) бовар ҳосил кардан мумкин аст.

Компас дар Чини қадим кашф туда, тайи ҳазорҳо сол барои сайёҳон ва онҳое, ки дар баҳр шино мекунанд, хидмат менамояд. Акрабаки магнитии компас таҳти таъ­сири майдони магнитии Замин мавқеи мушаххасро соҳиб гашта, тақрибан ба самти шимол-ҷануб нигаронида шудааст.

maydoni-magniti

Самти ақрабаки компас дар ҳар нуқта бо меридиани магнитй рост меояд. Ақрабаки компас ба чй мекашад? Ин савол аз замонҳои қадим одамонро ба андеша кардан вомедорад.

Баъзеҳо мегуфтанд, ки онро Ситораи Қутб ба сӯи худ мекашад. Дигарон чунин мешумориданд, ки ба он ситораҳои шимолй таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, ақрабак ба сӯи ситораҳо майл мекунад, ҳамон тавре офтобпараст рӯй ба офтоб меоварад. Саввумиҳо фикр мекарданд, ки сабаби «самтёбии» магнит дар қутби олам, азҷумла, осмон, наздикии қутб аст. Ба ибораи дигар, онҳо фикр мекарданд, ки ин бо кутби ҷаҳонӣ марбут аст.

Нафарони дигаре буданд, ки ба фикри ондо сарчашмаи ҷозибаи ақрабак аз осмон ба Замин мефарояд.

Вайро дар андешаи худ дар куддои Гипербой, шахдои афсонавӣ ва ҷазирадо қарор медоданд.

Бори нахуст ба омӯзиши хусусиятдои магнит дар асри XIII олими фаронсавй, муҳандис ва магистр Перт Перегрин икдом намуда буд. Вай нахустин шуда шард дод, ки чй тавр дар таҷриба мавқеи қутбдои магнити табииро пайдо кардан мумкин аст ва дар илм чунин мавфҳумдоро чун « Қутбдои Шимолӣ ва Ҷанубӣ»ворид кард, ки то кунин ҳифз шудаанд. Перегрин мушодида кард, ки сӯзан ба қутбдои магнит нисбат ба нуқтаҳои дигари он бештар ҷазбу кашида мешавад. .

Асрҳои зиёд гузаштанд.

Христофор Колумб тавассути уқёнуси Атлантик ба сафари нахустини хеш мебарояд. 13-уми сентября соли 1492 баҳрнавардон бо тааҷҷуб мушодида карданд, ки ақрабаки компас ба ғарб майл кардааст. Рӯзи дигар дубора самти худро дигар кард. 17 -уми сентябр, азимути Офтобро дуста штурман эҳсос кард, ки дар ин чаҳор 4 рӯз ақрабак самти худро беш аз 11 маротиба дигар кардааст. Ҳолати шаковари ақрабаки компас дар дили баҳрнавардони мутаассиб воҳима барангехт. Мавқеи картушки компасро ноаён аз дигарон тағйир дода, Колумб ба баҳрнавардон мефаҳмонд, ки ин ақрабаки компас набуда, балки ҳаракати Ситораи Қутб аст.

Вақте киштии Колумб то ба Дунёи Нав шинокунон расид, ақрабаки компас дубора ба шимол майл дошт. Далеле ҳаст, ки Христофор Колумб на тандо Амрикоро, балки тамоюли магнитиро низ кашф кардааст.

А Кунҷи байни меридиани географй ва магнитиро тамоюли магнитй мено манд.

Ихтирокорони ботаҷриба ба андешае омаданд, ки агар тамоюл чунон бузург аст, ки ақрабаки компас шимолро нишон намедиҳад, балки якчанд градус ба тарафи дигар тамоюл дорад, бори дигар андак ба ғарб майл дорад, пас шояд қутби магнитй дар шимол қарор дорад.

Соли 1546 бори нахуст Меркатор мувофиқ наомадани қутби географии Шимолиро бо қутби магнитй нишон дод ва мавқеи қутбро муайян кард.

Бисёре аз сайёҳони ҷасур кӯшиш кардаанд, то ба қутби магнитй бирасанд. 1 июни соли 1831 Джеймс Росси англис то ба Қутби Магнитии Шимолй ра­сид. Дар яке аз хонаҳои барфин Джеймс мушодидадои худро анҷом дод. Ана акнун ақрабаки авезони компас таври амудӣ қарор гирифтааст. Билохира! Наход ин ҳамон қутби магнитй аст? Наход ин ҳамон ҷоест, ки ҳама компасҳои ҷадон ба он ишора мекунанд? Джеймс аз хоначаи хеш берун мебарояд, то назар афганад.

Вай чиро мебинад? Дар наздикии соҳил ҷои бисёр поён қарор дошта, дар идома дар дарунтари материк, тахминан дар фосилаи як мил теппадое ба вуҷуд меоянд, ки баландияшон 50-60 фут мебошанд.

Бисер хуб мебуд агар чунин як ҷои машҳур дорой ягон навъ аломату нишона бошад. Вале боиси таассуф аст, ки дар ин ҷо ҳеҷ куҳе, ки чунин як ҷои аҷоибро нишон бидиҳад, вуҷуд надорад.

«Ман метавонам онҳоро дарк кунам, ки соддаву тахаюлбарангезона фикр мекард, ки қутби магнитйин як чизи роздору асрорангез мисли Синдбоди афсонавй асту ин куҳи оҳанин ва ё магнитест, ки дар бузургй Монбланро ба ёд меоварад. Табиат дар ин ҷо ягон ҳайкалеро бунёд накардааст, то ки ҷоеро, ки худаш чун маркази яке аз нерӯҳои бузургаш ва пурасрораш интихоб кардааст, бузург созад», чунин навишта буд дар ёддоштҳои хеш Росс.

17-уми феврали соли 1841 Росс ҳамагй дар масофаи 160 мил аз қутби Ҷанубии магнитй қарор дошт. Вай ба девори бузургй яхин, ки дар паҳлӯи он киштиҳо чун пӯчоқчаҳо ба назар мерасиданд, такя карда, ҳар қадар дар шафати он шино мекард, ҳеч охири онро дида натавонист. Росс ин деворро Моней Бу- зурги Яхин номида буд.

Дар ин кор Роберт Скотт, Эрнст Шелктони англис, Ру аль Амундсени норвегй ширкат карда буданд. 15 декабри соли 1911 дар муқобили санҷишҳои сахт устувор истода, то ба қутби географии Ҷанубй расид.

Гуруҳе, ки таҳти роҳбарии профессори Университета Сидней Томас Дэвид, физики Университета Аделанд Дуглас Моусон ва пизишк Элистер Маккей моҳи январи соли 1909 таъсис дода шуда буд, то ба Қутби Магнитии Ҷанубй расид. Му- шаххас гардид, ки Қутби Магнитии Ҷанубӣ нуқтаест, ки дар он ақрабаки магнитй ҳолати амудиро ба худ мегирад ва ин як навъ галабае аз болои бисёр мушкилот буд.

Пурсишҳо

  1. Дар харита қутбҳои географӣ ва магнитии Заминро пайдо кунед.
  2. Чаро нӯги ақрабаки шимолии компас ба поён майл дорад?
  3. Кадом одамон пионерони фатҳи Қутби Магнитии Шимолӣ ва Қутби Географии Ҷанубй шуморида мешаванд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …