Главная / Илм / МАЙЗАДАГӣ

МАЙЗАДАГӣ

mayzadagiМАЙЗАДАГӣ (Alcoholismus), алкоголизм, истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртдор, ки ба саломатӣ ва қобилияти кории шахси майпараст, инчунин ба маишату осудагии ҷамъият зарар мерасонад.
Доир ба нӯшокиҳои спиртдор дар маъхазҳои хаттии қадимтарин маълумот вуҷуд дорад. Тарзи майкашӣ ҳанӯз замонҳои пеш ба бисёр қабилаҳо маълум буд. Бино ба баъзе ақидаҳо дар сабоҳи инкишофи инсоният истеъмоли май кори коллективӣ буда, бо он ягон одати қабилавӣ ё ҳодисаи астрономӣ (мас., барор гирифтани шикор, нав шудани моҳ – ҳилол ё пур шудани он – бадр ва ғ.) қайд карда мешуд. Чӣ қадаре, ки шароити зандагии қабилаҳо душвор гардад (мас., таҳдиди хатар, мушкил гаштани дарёфти ғизо ва ғ.), ҳамон қадар бештар онҳо барои бартараф кардани «шиддати рӯҳӣ» ҳамроҳ шаробнӯшӣ мекарданд.
Ба қадри мураккаб гаштани сохти иҷтимоии ҷамъият истеъмоли шароб торафт бештар хусусияти фардӣ мегирад, яъне нисбат ба шароб сабабу муносибатҳои фардӣ ба вуҷуд меояд. Охирҳои а. 19 муқаррар гардид, ки баробари баланд шудани некуаҳволӣ низ М. меафзояд. Инро таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ собит намуд.
Бадмастӣ сабабҳои рӯҳӣ низ дорад. Онҳо маҷмӯи далелҳоеанд, ки баъзе одамонро ба истеъмоли май маҷбур месозад. Хастагӣ, танҳоӣ, низоъ ба атрофиён, беҷуръатӣ ва ғ. як навъ ҳолати рӯҳии гаронро ба вуҷуд меоранд, ки зери таъсири шароб муваққат рафъ мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки на ҳар шахс ва на ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор шароб менӯшад, зеро шароиту муносибати одамон ба он гуногун аст. Шароити иҷтимоӣ нафақат сабаби истеъмоли шароб мешавад, балки онро маҳдуд низ мекунад. Чунин маҳдудсозӣ метавонад расмӣ (қонунӣ) ва ғайрирасмӣ (маънавӣ) шавад. Охирӣ аз муносибати шахс нисбат ба нишондодҳои дар ин хусус вуҷуддоштаи ҷамъият ва ахлоқи ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре ки шахс барои бартараф кардани вазъияти душвор имкони кам дошта бошад, ҳамон қадар тезтар ба майнӯшӣ дода мешавад ва умеди ихтиёрӣ бас кардани он низ кам мегардад. Вале ин қабил ашхос нисбатан кам буда, бештар ба кӯмаки духтурони амрози рӯҳӣ мӯҳтоҷанд. Ҳар қадар ҷамъият нисбати истеъмоли машруботи спиртдор саҳлгир бошад ва ҳар қадар шахс ба ақидаҳои дурусти ҳаёт дар бораи арақнӯшӣ кам эътибор диҳад, М. ҳамон қадар бештар мегардад. Истеъмоли шароб тақлидӣ низ мешавад. «Тақлид» мафҳуми шартист. Сабаби асосии чунин шаробнӯшӣ оқибати ногувори М. – ро мулоҳиза накарда, ба дилхушии лаҳзаӣ саъю кӯшиш кардан аст. Ғайр аз ин вуҷуд доштани ақидаи хато оид ба нерубахшии арақ, таъсири урфу одатҳо, тасаввуроти ғалати нишонаи болиғӣ, мустақилӣ ва мардонагӣ будани майнӯшӣ низ боиси дар байни ҷавонон авҷ гирифтани шаробнӯшӣ мегардад.
Барои афзоиши М. махсусан таъсири атрофиён (падару модар, рафиқон) ва муносибати онҳо нисбат ба нӯшокиҳои спиртдор калон аст. Тадқиқи таъсири оила ба М. муқаррар намуданд, ки аз ҳад зиёд арақ нӯшидани волидайн (ё яке аз онҳо) ва тарбияи нодурусти фарзандон (ғамхории беҳад, эрка намудан, беназоратӣ, ҷангу ҷидоли оилавӣ ва ғ.) сабаби пайдоишу авҷ гирифтани М. мешавад.
М. дар ҳама тарзҳои ҳаёти фардӣ ва ҷамъиятӣ инъикос меёбад. Нафақат мунтазам, балки тасодуфан истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор низ ба саломатӣ зарар дорад, аксар вақт боиси харобии оилаю тарбияи бади фарзандон мегардад. Аз таъсири арақ одамон ҳисси масъулиятро дар назди ҷамъият ва давлат гум карда, рафтори ношоиста менамоянд. М. ба истеҳсолот зарар меорад, маҳсули меҳнатро паст карда, боиси фалокат ва марги одамон мегардад. Дар натиҷаи М. савияи маънавӣ паст ва накӯаҳволии мардум бад мешавад.
М. ба тамоми узву бофтаҳои инсон таъсири бад мерасонад. Мунтазам нӯшидани шароб шахсро хуморӣ мекунад, ӯ миқдори маи нӯшидаашро назорат накарда, тадриҷан ба бемориҳои гуногун (мас., психоз, неврит, гастрит ва ғ.) гирифтор мешавад (ниг. Майзадагии музмин). Тағйир ёфтани рӯҳия (ба ҳаяҷон омадан, рӯҳафтодагӣ ва ғ.), ки ҳатто аз истеъмоли андаки шароб низ сар мезанад, аксар вақт ҳангоми мастӣ сабаби афзудани ҳодисаҳои худкушӣ мегардад. Мувофиқи маълумоти омории расмӣ дар Англия 70% худкушӣ дар ҳолати мастӣ ба амал меояд; худкушӣ дар байни майзадаҳо нисбат ба шахсоне, ки арақ наменӯшанд, 8 – 10 маротиба зиёд аст. Тамоми аломатҳое, ки ҳангоми мастӣ рӯй медиҳанд (калавидан, бедиққатӣ, хуб дарк накардани муҳит ва ғ.) боиси афзудани ҳодисаҳои нохуш мешаванд.
Ихтилоли мубодилаи витаминҳо (хусусан витаминҳои гурӯҳи В) ва бевосита таъсири заҳрнок доштани шароб системаи асаби канориро иллатӣ карда, неврит, полиневрит барин бемориҳо ба вуҷуд меорад. Ҳангоми М.-и музмин дар натиҷаи ларзидани ангуштони даст, пилки чашм, нӯги забон (хусусан субҳ то нӯшидани арақ) шахс кори муқаррарии худро иҷро карда наметавонад. Қариб дар ҳамаи бадмастон аломатҳои ихтилоли системаи асабҳои нашвӣ (серарақӣ, хунук будани кафи даст ва ғ.) мушоҳида мешавад; қувваи босира, шомма ва сомеаи чунин одамон суст мегардад.
Шароб ба луобпардаи меъда таъсир расонда фаъолияти онро табоҳ месозад (дар натиҷа шираи меъда кам ё нест мешавад). Чӣ қадаре, ки М. тӯл кашад, луобпардаи меъда ҳамон қадар бештар осеб меёбад.
Шароб хусусан ба ҷигар таъсири бад мерасонад; дар натиҷаи дуру дароз ва мунтазам истеъмол намудани он сиррози алкоголии ҷигар сар мезанад. М. яке аз сабабҳои асосии бемориҳои ғадуди зери меъда (панкреатит, диабети қандӣ), зиқи дил, сактаи дил аст. Атеросклерози рагҳои иклилии дил ва рагҳои майна дар одамоне, ки шароби бисёр менӯшанд, нисбат ба дигарон 4 – 5 маротиба ва бемории гипертония бошад, 3 – 4 маротиба бештар рӯй медиҳад; атеросклерози рагҳои майна ва рагҳои дил дар ҷавонони шаробдӯст ҳанӯз дар 25 – 30-солагӣ мушоҳида мешавад.
М. ба ғадудҳои дохилӣ, хусусан ба ғадудҳои ҷинсӣ, зарар дорад. Таъсири шароб дар мардҳо мубошаратро суст карда, дар занҳо боиси қатъи бармаҳали ҳайз ва паст гаштани қобилияти насловарӣ мегардад.
Мунтазам истеъмол намудани шароб одамро бармаҳал пир месозад. Умри майзадаҳо аз ҳисоби миёнаи умри дигарон 15 сол кам аст.
М. ба истеҳсолот низ таъсири ногувор мерасонад; бисёр идораю муассисаҳо дар натиҷаи ба кор набаромадани коргарон, маҷрӯҳ шудани онҳо, фалокат, дуздӣ ва паст шудани самараи меҳнат зарари ҷиддӣ мебинанд. Маҳсули меҳнати беморони гирифтори М.-и музмин нисбат ба маҳсули меҳнати одамони солим ба ҳисоби миёна қариб 10% паст аст. Ҳангоми ширакайфӣ маҳсули меҳнати коргарони пуртаҷриба 30% ва ҳангоми маст будан, 70% паст мегардад. Ғайбат (прогул)-и шахсоне, ки мунтазам арақ менӯшанд, дар як сол 35 – 75 рӯзи кориро ташкил мекунад.
М. бисёр вақт боиси ҷинояткорӣ мегардад. Дар аксар ҳолатҳо авбошӣ, одамкушӣ ва зӯроварӣ барин рафторҳои бад нафақат дар натиҷаи мунтазам, балки аз тасодуфан нӯшидани шароб низ сар мезананд.
Паст гаштани савияи маънавию ахлоқӣ, майли бештар ба шароб, рӯй гардондан аз оила ва ёру рафиқон, пайдо кардани дӯстони нав, ки ба мастӣ, авбошӣ ва дуздию ғоратгарӣ машғуланд, оқибат ба он оварда мерасонад, ки шахс фақат барои истеъмоли шароб пул меҷӯяд. Дар чунин маврид ӯ қодир аст худро хонавайрон кунад, хорӣ кашад ва ҳатто ҷиноят содир намояд.
М. – и падару модар ба тарбияи фарзанд таъсири бад мерасонад. Муҳити фосиқи оила, барҳам хӯрдани ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модар натанҳо кӯдакро тундмизоҷу дамдузд мекунад, балки рафтору кирдори ӯро тағйир дода, майнӯш ва беҷогарду ҷинояткор месозад. Мувофиқи баъзе маълумот 70% наврасоне, ки қонунро вайрон кардаанд, дар оилаи майзадаҳо тарбия ёфтаанд.
Системаи чораҳои зиддиалкуҳулӣ аз маҷмӯи тадбирҳои тарбиявӣ, маърифатию санитарӣ ва тиббӣ иборат мебошад. Ҷиҳати муҳими пропагандаи зиддиалкуҳулӣ ба якдигар вобаста кардани тарзи корҳои оммавӣ ва фардӣ аст. Охирӣ ба шахсоне дахл дорад, ки барои даст кашидан аз шаробнӯшӣ иродаашон сустӣ мекунад. Чунин тарзи кор ғайр аз сӯҳбатҳои тавзеҳӣ (бо иштироки кормандони тиббӣ, маъмурият, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ), инчунин санҷиши шароити зиндагӣ ё ҳаёти оилавиро, ки шахсро ба истеъмоли арақ маҷбур сохтааст, дарбар мегирад.
Падару модароне, ки майзада гаштаанд аз ҳуқуки волидайнӣ марҳум карда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо ба ноболиғон фурӯхтани ҳама намуди нӯшокиҳои спиртдор (аз ҷумла пиво) манъ аст. Ба шаробнӯши ҷалб кардани ноболиғон, яъне мунтазам маст кардани онҳо, қатъи назар аз хешу табор будан, чун рафтори ҷиноӣ маҳкум карда мешавад.
Барои дар ҳолати мастӣ ба кор баромадан, дар вақти кор ё ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ шароб нӯшидан низ ҷазо пешбинӣ шудааст. Мас., дар асоси Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати ҶТ дар идораю муассисаҳо тамоми рӯз (смена) ба кор роҳ додани коргарони маст манъ аст. Ҳангоми мастӣ дар кор ё ҷои дигар захмдор шудан, ҳодисаи нохуше шуморида мешавад, ки бо айби худи кас рух додааст. Дар чунин ҳолатҳо ҳангоми муолиҷаи амбулаторӣ ва дар беморхона будан, варақаи беморӣ дода намешавад.
Ҳуқуқи ҷиноӣ муқаррар мекунад, ки шахсони дар ҳолати мастӣ ҷиноят содиркарда аз ҷавобгарӣ озод намешавад ва дар баъзе ҳолатҳо мастӣ гуноҳро вазнинтар (мас., дар ронандагон) мегардонад. Дар ҷумҳурии мо ба идора кардани воситаҳои нақлиёт ҳатто ҳангоми ширакайф будан низ роҳ дода намешавад. Вайрон кардани ин қонун амалиёти барқасде маҳсуб меёбад, ки барои сар задани фалокати нақлиёт равона гаштааст ва вобаста ба шароит ба гунаҳкор ҷазои маъмурӣ (ҷарима, муваққатан ё доимӣ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардан) ё ҷиноӣ дода мешавад.
Ад.: Гулямов М. Г., Умаров С. Э., История, современное состояние и меры улучшение принудительного лечения больных хроническим алкоголизмом, «Здравохранение Таджикистана», 1973, №1; Болотова З.Н., Алкоголизм – общественное зло, Киев, 1982; Гудвин Д. У., Алкоголизм, М., 2002; Лапин И. П., Стресс. Тревога. Депрессия. Алкоголизм. Эпилепсия, СПб., 2004.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …