Главная / Илм / МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

doktorМАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР, минтақаест бо миқдори муайяни сокинон ё коргарону хизматчиёне, ки аз рӯи шарти истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд ва ба он дар расондани ёрии тиббӣ, андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва тадқиқи вазъи саломатӣ духтури оилавӣ вобаста карда шудааст.
Маҳаллаҳои шаҳрии табобатӣ ба сокинони калонсол, маҳаллаҳои педиатрӣ ба бачагон, сехӣ ба коргарону хизматчиёни корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиёт хизмат мерасонанд. Инчунин ёрии акушерию гинекологӣ ва фтизиатрӣ ба аҳолии шаҳр аз рӯи усули маҳаллавӣ ташкил ёфтааст. Маҳаллаи тиббии деҳот дорои беморхонаи маҳалла ё амбулатория буда, ба аҳолии деҳот ёрии тиббии амбулаторию поликлиникӣ мерасонад. Дар он терапевти маҳалла, пунктҳои фелдшерию акушерӣ, инчунин дар корхонаҳои кишоварзӣ пункти тиббии фелдшерӣ мавҷуданд.
Усули маҳаллагии кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ шакли асосии ташкили ёрии тиббии берун аз беморхона аст. Ба духтур ва ҳамшираи тиббӣ вобаста намудани шумораи доимии аҳолии дорои касбу кор ва синну соли муайян имкон медиҳад, ки шароити меҳнат ва зиндагии онҳо хуб фаҳмида, корҳои табобат ва ҷилавгирии бемориҳо мувофиқи нақша ба амал бароварда шаванд, тарзи зиндагии солим тарғиб гардад. Духтури оилавӣ нафақат дар поликлиника ва хона ёрии тиббӣ расонда назорати диспансерӣ мебарад, балки якҷоя бо маъмурияти муассиса ва корхона, ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайваста аз паи беҳтар гардондани шароити меҳнат ва зиндагии коргарон мешавад.
Духтури оилавӣ дар силсилаи ёрии табобатию пешгирии бемориҳо симои асосӣ буда, ба аҳолӣ бештар наздик аст. Беҳсозии кори духтурони оилавӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти аҳолӣ, муносибати бошууронаи ҳар як шахс ба саломатии худ ва саломатии атрофиён вобастагӣ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …