Главная / Илм / МАҶУСИИ АҲВОЗӣ Алӣ ибни Аббоси Маҷуссии Аҳвозӣ

МАҶУСИИ АҲВОЗӣ Алӣ ибни Аббоси Маҷуссии Аҳвозӣ

nophotoМАҶУСИИ АҲВОЗӣ Алӣ ибни Аббоси Маҷуссии Аҳвозӣ (с. тав. номаълум – ваф. 994), олими намоёни тибби а. 10 форс-тоҷик. М. А. дар ш. Аҳвози Эрон таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо зиндаӣ ва эҷод кардааст. Вай доруҳоеро, ки дар Юнони Қадим номаълум буданд, омӯхта, таъсири онҳоро дар ҳайвоноти зинда санҷидааст. М. А. муаллифи чанд асари тиббӣ, яке аз асосгузорони фармакологияи таҷрибавии Шарқ мебошад. Аз асарҳои ӯ «Комилу-с-синоат», ки бо номи «Ал-Маликӣ» низ машҳур аст, қимати зиёди илмӣ дорад.
Ад.: Конвер С.,История арабской медицины, Киев, 1893; Капранов В. А., Раҳим Ҳошим, Ҳикмати асрҳо (Мунтахабот аз рисола ва луғатҳои тибби қадим), Д., 1975.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …