Главная / Илм / ЛЕЙКОСИТОЗ

ЛЕЙКОСИТОЗ

leykositozЛЕЙКОСИТОЗ (Leucocytosis), дар таркиби хун афзудани миқдори лейокситҳо (зиёда аз 10000 дар 1 мкл, ё 10,0 х 109/л). Дар натиҷаи тақвият ёфтани лейокситопоэз ё бозтақсими лейкоситҳо дар организм ба вуҷуд меояд. Л. физиологӣ ва патологӣ мешавад. Ба Л.-и физиологӣ лейкоситозҳои ғизоӣ (баъди истеъмоли ғизо), миогенӣ (баъди кори ҷисмонӣ), лейкоситози ҳомилагон ва ғ. мансубанд. Л.-и патологӣ дар аснои бемориҳои сироятӣ, заҳролудӣ, амрози римнок, таъсири афканишот ва ғ. рух менамояд. Он ҳамчунин дар мавриди некрози бофтаҳо (сактаи мушаки дил, таҷзияи омос ва ғ.), хунравии зиёд, захмдор шудан, осеби косахонаи сару майна ба мушоҳида мерасад. Л. одатан баъди барҳам хӯрдани омиле, ки онро пайдо кардааст, нест мешавад.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …