Главная / Гуногун / Ҳикоят: Куфа

Ҳикоят: Куфа

Овардаанд, ки марде буд дар Куфа, ки аз барои мардум китобат кардӣ. Ва одоби ӯ он буд, ки ҳар гоҳ ки дар китобат ба номи он Ҳазрат (с) расидӣ, номи он Сарвар (с)-ро ба ҳуллаи салавот биёростӣ. Чун бимурд, ба хобаш диданд, пурсиданд, ки:

  • Бо ту чӣ кор карданд?

Гуфт:

  • Маро биёмурзиданд ба сабаби он, ки ҳар бор, ки номи он Ҳазрат (с)-ро менавиштам дар ақиби он «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам» менавиштам ва ҳаргиз онро тарк накардам.[1]

[1] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват», Саҳ. 131.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …