Главная / Илм / КАРБОГИДРИДҲО

КАРБОГИДРИДҲО

karbogidrathoКАРБОГИДРИДҲО, синфи пайвастҳои органикӣ, ки молекулаашон танҳо аз атомҳои карбон ва гидроген таркиб ёфтааст. К. аз ҷиҳати сохти молекула асикилӣ ё худ алифатӣ (карбогидридҳое, ки дар молекулаашон атомҳои карбон бо ҳам хаттӣ ё шоханок пайваст шудаанд) ва изосиклӣ ё худ карбосиклӣ (карбогидридҳое, ки молекулаашон шакли ҳалқагӣ доранд) мешаванд. К.-и гурӯҳи изосиклиро дар навбати худ ба алисиклӣ ва ароматӣ ва К.-и гурӯҳи асиклиро бошад, ба сер ва носер ҷудо мекунанд. К.-и алисиклӣ ҳам серу ҳам носер мешаванд. К. қатори гомологӣ ҳосил менамоянд, ки қонунияти тағйир ёфтани хосиятҳои физикию химиявии моддаҳоро нишон медиҳад.
Бисёр К. ба организм зарар мерасонанд. Хавфи зиёни касбии К. дар зудбухор будани онҳост. К. ба организми коргарон ҳангоми нафас гирифтани буғ ва маҳсули газмонанди онҳо роҳ меёбанд. К. имкон дорад, ки ҳатто аз пӯсти солим низ ба организм ворид шаванд. Ҳамаи К. заҳрҳои нейротропӣ мебошанд; баъзеи онҳо метавонанд омосҳои саратониро ба вуҷуд оранд. Заҳролудии шадид аз К. ҳангоми дар таркиби ҳаво аз меъёр зиёд будани онҳо рух менамояд. Вале бинобар дар об ва хун кам ҳал шудани буғи К. онҳо аз организм ба воситаи шуш зуд хориҷ карда мешаванд.
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз К. дар коргоҳҳое, ки одамон бо онҳо сарукор доранд, бояд қоидаҳои бехатарии меҳнат қатъӣ риоя карда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …