ҚАЙ

kayҚАЙ, истифроғ, ҳолати ногуворест, ки дар натиҷаи ангезиш ё иллати меъда, инчунин аз иллати диг. узвҳои дарунӣ, асабҳои марказӣ ва канорӣ ба вуҷуд меояд. Қ.-и гематогению заҳрогин ва Қ.-и занҳои ҳомила низ вуҷуд дорад.
Қ. аксар вақт таассури муҳофизию мутобиқатии организм ба ангезиши луобпардаи меъда мебошад. Ангезиши луобпардаи меъда ба ҷисми бегонаи фурӯбурда, хӯроки бадсифат, моддаҳои заҳрнок вобаста аст. Қ. барои аз моддаҳои зарарнок тоза шудани организм ёрӣ мерасонад. Ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда (мас., решмарази меъда, гастрит), одатан, пеш аз Қ. дилбеҳузурӣ рӯй медиҳад. Бемор дар ин маврид баъди Қ. сабукӣ ҳис мекунад. Дар аснои иллати дил, талхадон, кирмрӯда, гурда ва диг. узвҳо дар натиҷаи таъсири рефлексӣ ба меъда мумкин аст Қ. рӯй диҳад.
Қ. эҳтимол аломати бемории мағзи сар ва пардаи он (менингоэнсефалит, омос ва иллати мағзи сар), ихтилоли гардиши хун дар мағзи сар бошад. Қ. баъзан дар натиҷаи ихтилоли эҳсос ва дидани хун, моддаи қай ё аз таъсири нофорами баъзе таомҳо ба вуҷуд меояд. Қ.-и давраи ҳамл бештар аломати токсикозҳои ҳомилагон аст.
Дар аснои Қ. ба беморон, махсусан ба беморони вазнин ва беҳуш нигоҳубин зарур аст, чунки дар ин маврид моддаи қай мумкин аст ба роҳи нафас даромада, боиси нафастангӣ, газаки шуш ва диг. иллатҳо гардад. Ҳангоми Қ. беморро мешинонанд ё ба паҳлу хобонда, сарашро хам мекунанд. Агар ӯ дароз кашида бошад, ба поён мехобонанд. Баъди Қ. даҳони беморро чайқонда, бо пахтаи тар пок мекунанд. Агар моддаи қай хунолуд бошад, ба рӯи шикам халтаи ях гузошта, ӯро ҷунбидан намемонанд ва фавран духтурро ҷеғ мезананд. Агар сабаби Қ. номаълум бошад, то омадани духтур моддаи қайро нигоҳ медоранд, чунки намуд, мавҷудияти омехтаҳо ва ғ. барои муайян кардани сабаби Қ. ёрӣ мерасонад.
Муолиҷаи Қ. ба рафъи сабаби он нигаронда мешавад. Ҳангоми заҳролудӣ меъдаро мешӯянд. Дар мавриди баъзе бемориҳо, мас., омос, стенози меъда, печидагии рӯда аз амалиёти ҷарроҳӣ истифода мебаранд. Агар Қ. зуд-зуд ва бардавом рух намояд, пас аз доруҳои қайнишон (метоклопрамил, тиэтилперазин) ва парҳези махсус истифода бурда мешавад. Қ.-еро, ки сабаби он гастрит аст, бо анестезин, белластезин, повестезин, викалин, алмагел табобат мекунанд.
Қ. дар кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба мушоҳида мерасад. Қабл аз Қ. мумкин аст дилбеҳузурӣ рух диҳад, ки аломатҳои он беқарорӣ, аз даҳон баровардани забон, рафтани оби даҳон, сурх шудани рӯй ё баръакс, паридани ранги рӯй мебошанд.
Қ. дар кӯдакон аз гардондани ғизо ва руминатсия фарқ дорад (ниг. Қайи ширхора). Руминатсия («нушхор» ё «кафша») борҳо оруғ зада баровардан ва «хоида» такроран фурӯ бурдани ғизо аст. Асосан дар кӯдакони синамак баъди 4-моҳагӣ ва бармаҳал ҷудо кардан аз сина оғоз ёфта, то 3-солагӣ давом мекунад. Руминатсия тақрибан баъди 30 дақ. истеъмоли ғизо ба вуҷуд омада, ба кӯдак кайфият мебахшад, ӯ бо шавқ ангушт мемакад ё забонашро дар даҳон мисли нова тоб медиҳад.
Қ.-и босубот дар давраи навзодӣ аломати асосии нуқси инкишофи роҳи меъдаю рӯдаҳо мебошад. Қай кардани ғизои ҳазмнашуда далели баста будани роҳи болои аъзои ҳозима аст (мас., атрезия, ахалазия, стеноз, дивертикули сурхрӯда, кардиоспазм ва ғ.). Турш будани мӯҳтавои Қ., ки шири бурида ва луоб дорад (бидуни омехтаи талха), нишонаи дар меъда таъхир кардани ғизо аст. Омехта бо талха омадани Қ. дар рӯзҳои аввали ҳаёт аломати ногузароии модарзоди рӯда мебошад. Дар мавриди он сари дил варам мекунад (баъди қай варам нест мешавад). агар ногузароии рӯда поёнтар ҷой гирифта бошад, шикам дамиш ва қабзият мекунад, Қ. бадбӯй аст.
Ҳангоми Қ.-и кӯдакон дарҳол ба духтур муроҷиат бояд кард. Фақат муоинаи тиббӣ ба ошкор сохтани сабаби он ва таъин намудани табобати зарурӣ ёрӣ мерасонад.
Қ.-и хунолуд (гематемезис) аломати хуншорӣ аз қисми болои роҳи меъдаю рӯдаҳо аст. Сабаби Қ.-и хунолуд бисёр вақт хуншорӣ аз захми меъда, варидҳои сурхрӯда, омос ё полипҳои меъда мебошад. Ҳамчунин Қ.-и хунолуд метавонад дар мавриди захми рӯдаи дувоздаҳангушта, захми меъда, эрозияи сурхрӯда ва диг. бемориҳо низ рух намояд.
Ранги мӯҳтавои меъда ҳангоми Қ.-и хунолуд ба мӯҳлати дар меъда бозистодани хун вобаста аст. Агар хун дар меъда кам истода ё бо кислотаи хлорид омехта нашуда бошад, пас мӯҳтавои он чандон тағйир намеёбад. Ҳангоми дар меъда бисёр истодани хун зери таъсири кислотаи хлориди шираи меъда гематин ҳосил мешавад, ки ранги мӯҳтавои Қ.-ро ҷигарӣ мегардонад.
Дар аснои рух намудани ҳама гуна шаклҳои Қ.-и хунолуд бетаъхир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …