Главная / Гуногун / ҲАСАНИ ДЕҲЛАВӢ

ҲАСАНИ ДЕҲЛАВӢ

Вайро дар ғазал тариқи хос аст. Аксар қофияҳои тангу радифҳои ғариб ва баҳрҳои хушоянда, ки асл дар шеър, хосса дар ғазал, мулоҳизаи инҳост, ихтиёр кардааст. Лоҷарам, аз иҷтимои онҳо шеъри вайро ҳолате ҳосил омадааст, ки агарчӣ ба ҳасаби 162 бодиназар осон менамояд, аммо дар гуфтан душвор аст. Ва лиҳозо 163 ашъори вайро «саҳли мумтанеъ» гуфтаанд. Муосири Хисрави Деҳлавӣ будааст ва бо якдигар сўҳбат медоштаанд ва мубосатот 164 мекардаанд, чунончӣ Ҳасан мегўяд:

Қ и т ъ а

Хисрав аз роҳи карам бипзирад
Он чӣ ман — банда, Ҳасан, мегўям.
Суханам чун сухани Хисрав нест,
Сухан ин аст, ки ман мегўям.

hasani-dehlaviВа дигар аз шуарои мутағаззил 165 Хоҷа Имоди Фақеҳ 166 аст, аз Кирмон. Вай шайхи хонақоҳдор будааст. Шеъри худро бар ҳамаи воридони хонақоҳ мехондааст ва истидъои167 ислоҳ мекарда ва аз ин ҷо мегўянд, ки шеъри вай шеъри ҳамаи аҳолии Қирмон аст.

Ва дигар Хоҷуст168 ва вай низ аз Кирмон аст ва дар тазйини 169 алфоз ва таҳсини 170 иборот ҷаҳде балиғ дорад. Ва лиҳозо вайро «нахлбанди шуаро» мехонанд.

Ва аз шуарои Мовароуннаҳр  Носири Бухороист 171 ва дар ашъори вай чошние ҳаст аз тасаввуф. Ва дигаре Хоҷа Исматуллоҳи Бухороист172 ва вай дар ғазал татаббўи Хисрав мекунад; ва дигар Бисотии Самарқандист 173 ва шеъри вай холӣ аз латофате нест, аммо аз фазоили муктасаба 174 бисёр орӣ будааст, чунончи аз ашъори вай зоҳир аст; ва дигар Хаёлист175 ва шеъри вай холӣ аз хаёле нест ва аз ашъори вай аст ин ду байт:

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ мўътакифи 176дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.

Ва аз шуарои Хуросон  Озарии Исфароинист 177 ва дар ашъори вай томот 178 бисёр аст ва аз матлаъҳои писандидаи вай аст:

Б а й т

Боз шаб шуд, чашми ман майдони гиря об зад,
Сели ашк омад, шабехун бар сипоҳи хоб зад.

Ва дигар Котибии Нишопурист 179 ва вайро маонии хос бисёр аст ва дар адои он маонӣ низ услуби хос дорад. Аммо шеъри вай якдаст ва ҳамвор нест, шутургурба афтодааст; ва дигар Шоҳии Сабзаворист180 ва вайро ашъор латиф аст, якдаст ва ҳамвор бо  иборати покиза ва маонии пурчошнӣ; ва дигар Орифии Ҳаравист181 соҳиби муқовалаи  «Гўю чавгон»  ва он аз назмҳои саромади ўст ва ин чанд байт аз он китоб аст дар сифати аспи чавгонӣ:

М а с н а в ӣ

Чун гўйи сипеҳр гард бастӣ
Майдон-майдон чу гўй ҷастӣ.
Ҳар бор, ки дар арақ шудӣ ғарқ,
Борон будию дар миён барқ.
Бигрехта озар 182 аз суми ў,
Овехта сарсар аз думи ў.
Ҳар пай, ки давида дар бари гўй,
Гардида зи суръаташ сари кўй.
Он лаҳза, ки дар набард рафта,
Сад боди сабо ба гард рафта.
Аз кўҳ чу сел даргузашта
В-аз баҳр чу бод баргузашта.

Ва соҳибдавлате183, ки замони мо ба вуҷуди шарифи ў мушарраф аст. Ҳарчанд пояи қадри вай назар ба маротиби ҷоҳу ҳашмат ва қурби подшоҳи соҳибшавкат ва қиёс ба маноқиби маънавӣ аз фазлу адабу фазоили мавҳубу мактасаб аз он баландтар аст, ки вайро ба ҳусни шеър таъриф кунанд ва ба ҷавдати назм тавсиф. Аммо чун хотири шарифаш ба воситаи касби фазилати тавозўъ касри нафс ба он фуруд омадааст, ки худро дар силки ин тоифа мунхарит гардонидааст, дигаронро ҳиҷоби таҳошӣ аз он маънӣ, ки вайро аз табақаи эшон донанду аз зумраи эшон шуморанд, муртафеъ гашта, аммо инсоф ин аст, ҳар ҷо ин тоифа бошанд, вай сар бошад ва ҳар гоҳ номи ин табақа нависанд, вай сардафтар. Чунон ки ин муаммо ба исми шарифаш мабнӣ184 аз ин маънист: Алишер:

Ало сияри-л-алфози сирту даҳран
В-аҳразту-л-фазоилу би-л-фавозил.
Ва би исмука фақту аҳли-л-фазли тарран,
Лизо суратуҳу фавқа-л- афозил. 185

Ва чун гавҳари номаш бузургтар аз он аст, ки ҳар маҳалле аз назм садафи он тавонад буд ва ҳар мақом аз шеър шарафи он тавонад ёфт, тахаллуси ашъораш ба он чӣ аз ин муаммои дигар мафҳум мегардад, номзад гашта: Навоӣ:

Кунҳи номаш дар тахаллусҳо наёбад ҳеҷ кас,
Бар лаби ёбандагон аз вай навое дону бас.

Ва агарчӣ вайро ба ҳасби табиат ва вусъати қобилият ҳар ду навъ шеър: туркӣ ва форсӣ муяссар аст, аммо майли табъи вай ба туркӣ аз форсӣ бештар аст ва ғазалиёти вай ба он забон аз даҳ ҳазор зиёдат хоҳад буд. Маснавиёте, ки дар муқобалаи «Хамса»-и Низомӣ вуқўъ ёфта, ба сӣ ҳазор наздик ва ҳамоно, ки ба он забон беш аз вай ва беҳ аз вай касе шеър нагуфтааст ва гавҳари назм насуфта. Ва аз ҷумлаи ашъори форсии вай аст қасидае, ки дар ҷавоби қасидаи Хисрави Деҳлавӣ, ки мусаммост ба «Дарёи Аброр», воқеъ шуда ва муштамил аст дар бисёре аз маонии дақиқа ва хаёлоти ғарибаи латифа ва матлааш ин аст:

Б а й т

Оташин лаъле, ки тоҷи Хисравонро зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Ва ин рубоиро дар таҳнияти қудуми баъзе ояндагон 186  аз сафари Ҳиҷоз дар руқъае 187 навишта буд:

Р у б о ӣ

Инсоф бидеҳ, Ай фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар кард хиром?
Хуршеди ҷахонтоби ту аз ҷониби субҳ,
Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?!
Ва ин рубоии дигар дар руқъае дигар:

Р у б о ӣ

Ин нома на нома, дофеъи дарди ман аст,
Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.
Таскини дили гарму дами сарди ман аст,
Яъне хабар аз  моҳи ҷаҳонгарди ман аст.
Ва ин рубоии дигарро ба таҷдид дар руқъае дигар навишта:

Р у б о ӣ

Гар дар дайрам, ба гуфтугўят бошам,
В-ар дар ҳарамам, ба ҷустуҷўят бошам,
Дар вақти ҳузур   рўбарўят бошам,
Дар ғайбат равӣ, дил ба сўят бошам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …