Ҳаёти одам, ҳайвонот ва растаниҳо дар Замин ба ҳарорати ҳаво сахт вобастагй дорад. Дарорати қабати ҳавое, ки ба Замин наздик аст, тағйирёбанда буда, шароити обу ҳаворо муайян мекунад. Ҳарорати ҳаво аз рӯи микдори гармии аз шуъои офтоб гирифташаванда муайян карда мешавад. Гармо ва ҳарорати баланд дар ноҳияи Эквадор ба мушоҳида расида, ҳарорати паст дар ҳудудҳои қутбӣ ба назар мерасанд.
Ҷои аз ҳама хунук дар истгоҳи «Шарқ» қарор дошта, дар он ҷо моҳи августа соли 1960 хунукии ҳарораташ – 88,3°С ба қайд гирифта шудааст. Ҷои аз ҳама гарм дар Ливия, дар биёбони Ал-Осиё қарор дорад. Дар ин ҷо моҳи сентябри соли 1922 гармии ҳаво то ба +58°С расидааст.
А Васеьгии географй ҳарорати ҳаворо муайян мекунад.
Ҳарорати ҳаво аз фаслҳои сол вобаста аст. Вай вобаста ба қарор доштани Офтоб дар болои уфуқ тағйир меёбад.
Ҳар қадар Офтоб дар болои уфуқ поён аст, ба ҳамон андоза хунук аст.
Ҳар қадар Офтоб боло бошад, ба ҳамон андоза гарм аст. Ҳарорати ҳаво дар ҷараёни шабонарӯз тағйир меёбад. Ҳарорати ҳаво дар саҳарии барвақт нисбат ба ҳарорати ҳаво дар соати 2-3- и рӯз поён аст.
Ҳарорати ҳаво ҳамчунин аз баландӣ вобаста аст. Стюардессаҳо да ҳавопаймоҳои мусофирбар эълон менамоянд: «Дар берун – 50°С хунук». Ҳамзамон дар Замин на танҳо гарм, балки гарми сӯзанда метавонад бошад.
Чаро чунин ҳодиса сурат мегирад? Ҳарчанд шуъои Офтоб тавассути атмосфера мегузаранд, онҳо вайро гарм наменамоянд, вале сатҳи Замин шуруъ ба гарм шудан мекунад.
Сатҳи гармшудаи Замин ҳаворо гарм мекунад. Қабати ҳаво, ки ба Замин наздик аст, бештар гарм мешавад. Қабати болоӣ камтар гарм мешавад.
Ҳангоми баланд шудан ба боло дар ҳар 1 км ҳарорати ҳаво то ба 5-6 °C паст мешавад. Ба ин пиряхҳои доимии дар куҳҳои баланд мавҷудбуда мисол туда мета- вонанд. Бинобар ҳарорати пасти ҳаво барфҳое, ки зимистон болои куҳҳои баланд меборанд, тобистон пурра об намешаванд. Худуде, ки барг таври доимй қарор дорад, хати барфй номида мешавад. Ин хатро мо дар охири тобистон дар қуллаҳои куҳҳои баланд дида метавонем.
Ин хат қисми куҳеро, ки бо растанй пӯшонида шудааст, аз он қисм, ки пиряхҳои сафед хобидааст, чудо мекунад. Дар ноҳияҳои гуногуни кураи замин хати барфй дар баландиҳои гуногун мегузарад. Дар ҷойҳои бисёр гарм ва хушк вай боло қарор дорад. Масалан, дар куҳҳои Тибет дар баландии 6000м, дар куҳҳои Осиёи Марказй дар баландии 4500-5000 м, дар куҳҳои Қафқоз дар баландии 3500 м.
Хатхри аз ҳама пасти барфй дар қутбҳо ба назар мерасанд. Онҳо сатҳи уқёнуси оламро фаро мегиранд. Аз ин рӯ, дар ин ноҳияҳо яхҳои абадй қарор доранд. Барфҳое, ки дар тӯли асрҳо қарор гирифта, ба ях табдил меёбанд, қабатҳои баланди яхинро ташкил медиҳанд. Қитьаи Антарктида пурра бо барфҳо ва пиряхҳои абадй пӯшонида шудаанд.