Главная / Биология / Гуногуншаклии растаниҳои лучтухм

Гуногуншаклии растаниҳои лучтухм

Аз растаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, лучтухмон бо доштани тухм фарқ мекунанд. Инчунин, лучтухмон аз ушнаҳо, чилбанд ва сарахсҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо барои бордор шудани ҳуҷайратухм қатраи об ҳамчун омили муҳим дигар зарурият надорад. Ин ҳолат ба растаниҳои лучтухм имкон дод, ки дар мин- тақаҳои гуногуни рӯи Замин нашъунамо кунанд ғ.а ҷангалҳои анбӯҳро ба вуҷуд оваранд.

broad-beans

Раванди бордоршавӣ дар ҳамаи растаниҳои тухмҳосилнакунанда агар дар об гузарад, дар растаниҳои лучтухм равиши афзоиши ҷинсӣ ба мавҷудияти муҳити обӣ эҳтиёҷ надорад. Раванди бордоршавии лучтухмон ҳатто дар шароити биёбон ҳам амалӣ гашта метавонад.

Ҳамаи растаниҳои лучтухми дар айни замон нашъунамокунанда ва намояндагони қадимаю нобудшудаи онҳо одатан растаниҳои буттагӣ ва дарахтӣ мебошанд. Шаклҳои алафии онҳо номаълуманд. Аксари ин растаниҳо чун сутун ба боло (рост) қад кашида, балан- дии қади онҳо аз якчанд метр то 40-50 м ва дар баъзе намояндаго- ни он то 100 м мерасад. Баъзе намудҳои растаниҳои лучтухм сершохронда буда, баргҳояшон сӯзаншакл ё пулакчамонанди ҳамеша- сабз (ё дар баъзе намудҳо баргашон ҳар сол хазон мешавад) мебошад. Гурӯҳи дигари растаниҳои лучтухм шохрониашон кам ва баргҳояшон нисбатан калони паршакл мебошад.

Дар байни лучтухмон растаниҳои сӯзанбарг мавқеи намоёнро доро мебошанд. Чунин ном гирифтани онҳо аз рӯи шакл ва сохти баргашон бармеояд.

Растаниҳои сӯзанбарг дар айни замон зиёда аз 560 намудро дар- бар мегиранд. Онҳо дар қисми шимолии Аврупо, Осиё, Америкаи Шимолӣ бешазорҳое пайдо мекунанд, ки бештар мансуби ин ё он намуди ҷудогонаашон мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо бо растаниҳои паҳнбарг якҷоя нашъунамо карда, бешазорҳои омехтаро ба вуҷуд меоваранд. Растаниҳои сӯзанбарг инчунин дар қисми ҷану- бии кураи Замин, хусусан дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадили Зеландияи Нав, Австралия ва Америкаи Ҷанубӣ низ васеъ паҳн шудаанд.

Намояндагони қадимтарини сӯзанбаргон дар натиҷаи ҳодисаву равандҳои номатлуби геологӣ аксаран нобуд шуда, дар айни замон гурӯҳи ками онҳо дар соҳилҳои Уқёнуси Ором (хусусан, дар қисми ҷанубу шарқиаш), Хитойи Марказӣ, Тайван, Япония, Каледоиияи Нав, Тасмания, Гвинеяи Нав, ҷануби Чилӣ ва ғайраҳо боқӣ мон- даанд.

Сӯзанбаргон дар заминҳои регзор, кӯҳҳои оҳаксангдор, тарқиши шахпораҳои урён (луч), ботлоқҳо ва пастхамиҳои кӯҳсорон бештар вомехӯранд.

Сӯзанбаргон нисбат ба равшании офтоб талаботи гуногун доранд. Аз ин рӯ, онҳоро ба дарахтони соядӯст ва равшанидӯст ҷудо мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз растаниҳои сӯзанбарги худрӯй асосан арча ва сарв бештар маъмул аст.

Бисёр намояндагони растаниҳои сӯзанбарг, агарчи намудҳои му- қимии Тоҷикистон ба ҳисоб нараванд ҳам, барои қади зебою балан- дашон ва барои ҷилои рангбарангу ҳамешасабзашон дар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳру дехот, боғҳои маданӣ, назди макта- бу биноҳои маъмурӣ парвариш карда мешаванд. Ба ин мақсад беш- тар арчаи виргинӣ, дарахти азимҷуссаи мамонт, сарв, санавбар, сарвиноз (туйя), сидра (кедр), сурхдор (тис), коҷ (ель) ва ғайраҳо маври- ди истифода қарор доранд. Ин дарахтони номбаршуда натанҳо ҳаворо аз оксиген бой мегардонанд, инчунин ба ҳусни хиёбонҳо ҳусн зам мекунанд.

Барги аксарияти сӯзанбаргон тамоми сол сабз аст. Зеро барги онҳо яку якбора наафтода, балки тадриҷан, бо навбат меафтанд ва ба ҷои баргҳои афтида баргҳои нав месабзанд. Бар замми ин, барги растаниҳои сӯзанбарг вобаста ба намудҳояшон ҳар хел умр меби- над, яъне аз ду сол сар карда, дар баъзе намудҳо то 4-6 сол. Вобаста ба синну солашон баргҳои онҳо бо навбат меафтанд ва гӯё онҳо ҳамеша сабзанд.

  1. Растаниҳои лучтухм бо кадом аломатҳои асосиашон аз ушнаҳо, чилбандҳо, сарахсҳо фарқ мекунанд?
  2. Кадом растаниҳои лучтухмро медонед? Онҳоро номбар кунед.
  3. Дар Тоҷикистон кадом растаниҳои лучтухм нашъунамо мекунанд?
  4. Баландии танаи растаниҳои лучтухм то чанд метр мешавад?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …