Главная / Гуногун / ГУЛҲОИ САДБАРГИ МЎЙСАФЕД

ГУЛҲОИ САДБАРГИ МЎЙСАФЕД

Вақти қарибиҳои нисфи шаб одамон як-як аз чойхонаи Гузари боло пароканда шуданд, соҳиби ин даргоҳу посбони пири он танҳо монданд.

– Амак, дастатон дардро набинад, хомшўрбои олиҷаноб пухтед. Ин қадар бомазза шудааст, ки…

– Ош шавад, писарам, қабат-қабат гўшт шавад, – мўйсафед андешаманд дастархонҳоро таҳ карда, ба гўшаи чойхона рафт. Қулфи хўрдакаки сандуқчаи рангаи чўбинашро кушод ва латтапечро оварда назди Икром гузошт.

– Ин чӣ амак?

rozi

– Камтар пасандоз, писарам… Одамӣ-дия, рўзе косаи умрам пур шуда аз дунё гузарам, мабодо ба мардум вазниниам наафтад гуфта, тин-тину сўм-сўм ҷамъ карда будам. Дилам мехоҳад, ки ин амонат дар дасти ту бошад. Ғайр аз худат дигар касе надорам, як умр зоғ барин танҳо.

– Не-е, амак, монед ин гапҳоро, шумо умри дароз мебинед.

– Кӣ медонад?… Се рўз пеш саҳарӣ хоб дидам. Ҳайрон аз ҷогаҳ хестаму лаби ҷўй рафтам, дасту рўй нашуста хобамро ба об гуфтам. Гумон доштам, дилам таскин меёбаду хотирам осуда мегардад. Ноништа ҳам накарда сўи қаландархона давидам. Ту медонӣ, ба он манзиле, ки аз рўи ривоят замоне  авлодонаш поку муқаддас гузаштаанд. Нону чой, як миқдор пул садақа бурдам. Мисли онҳое, ки дардманду аз он хонадон шифо меҷўянд ва ё безурётоне, ки дар талаби фарзанд зоранд… Ҳатто айёми ҷавониям ҳамон рўзи наҳс  ҳам ин қадар ба ҳаяҷону изтироб наафтода будам… Хоб бинам, ки миёни марғзор истодаму аз дур марде меояд. Оташ барин ба назарам гарм метофт. Як маҳал пайхас кунам, вай мард падарам буданд. Он кас ҳанўз, барвақт, овони понздаҳсолагиям вафот кардаанд. Раҳматӣ дуру дароз ба рўям нигаристанду баъд гуфтанд: «Писарам, танҳоӣ бас, рафтем, бо ман меравӣ. Биё-биё!».

– Хоб-дия, амак, ба дил нагиред. Эҳтимол рўболо хобида бошед, – тасаллӣ доданӣ шуд Икром.

– Ёд дорам, соле, ки дар ин макон паноҳ бурдам, одамон рўзгорамро мушоҳида карда маро девона мепиндоштанд. Дар ғайрам, ё аз қафоям «девонаи бехонумон» ё «марди шўрпешонӣ» мегуфтанд. Баробари фаро омадани баҳор сўи бозор медавидам. Худам сарфаҳм намерафтам, ки чӣ муроду матлабе дорам. Вале хоҳиш доштам, гулҳои беҳтарини садбаргро бихарам ва даруни гулдон андохта болои катҳои чойхона гузорам. Орзуям ин буд, ки пиру барнои чойхона бубинанд, аз бўяш ҳаловат баранд, баҳри дилашон кушода шавад. Миёни растаҳои бозор қадамзанон аз садбаргҳо чашм канда наметавонистам. Ва одамони бозор ҳам дақиқ бовар ҳосил намудаанд, ки ман девонаам. Кош девона мебудам…

Худам аслан аз ноҳияи ҳамсояам. Бисту панҷсола будам, дар колхоз паи касби падар говбонӣ карда нон мехўрдам. Модарам ҳамроҳам. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба як говҷўшдухтари зебо хонадор шудам. Зебо не, касофат будааст…

Дарди ман кўҳна, қиссаам кўтоҳ, хулосаи гап, ду моҳ нагузашта ўву хушдорашро сари ҳаромбозиашон даруни ҷуворимакказор даст гирифтам. Ҳамон лаҳза аз қаҳру ғазаб, алам,  девона шуда будам, пеши чашмонамро хун пахш кардааст. Корд мезадаму… корд мезадам… Он вақтҳо аксар говбонҳо даруни ғилоф корд гирифта мегаштанд. Яке ба худ оям, аъзои бадани ҳардуро ғалбер кардаам… Одам куштан гуноҳи азим аст. Вале ман ҳозир ҳам хиёнати он занро бахшида наметавонам. Мардуми қадим насиҳат кардаанд, ки ба некӣ некиро раво донед, аммо ба бадӣ аз рўи адолат муносибат намоед…

Рўзгори понздаҳсолаи маҳбусӣ ҳам миёнамро шикаст, ҳам маро хеле обу тоб дод, чӣ нокомию сахтиҳоро аз сар нагузаронидам…

Ба мўям барвақт сафедӣ афтод. Тасаввур мекунӣ?! Ман зиндааму мардуми маҳалла, бегонагон, худо хайрашонро диҳад, модарамро гўрондаанд. Баъди озод шудан, дар зодгоҳи худам ҳамон одамон аз ман мерамиданд, гўё махлуқи чорпои дарранда бошам, дар тўю маъракаҳо аз ман ҳазар мекарданд, мекўшиданд, ки паҳлўям нашинанд. Рўзҳо мегузаштанд, вале боре ҳам касе ҳоли зори маро напурсид, ба дарду ғамам шарик нагашт, самимияте зоҳир накард, ба дунёи дили кулфатзадаам назар наандохт. Ягон мусулмонеро ба ман коре набуд. Саги кўча ҳам маро бинад, аккос мезад. Ҳама аз ман меҳаросиданд… Заррае дилкашолиям, ки намонда буд, ба ин сў омадам. Ба қавле фирор кардам. Фасли тирамоҳ, ҳукмфармоӣ дошт, дар бисотам ба ҷузъ як ҷома чизе надоштам. Бо амри тасодуф ё қисмат гузарам ба ҳамин чойхона афтод. Худи ҳозира барин сари бурдаи нону як пиёла чой нишаста, тамоми дарди диламро ба падарат кафондам. Ҷояшон ҷаннат бод, аз он кас лутфу меҳрубонии зиёд дидам. Аз ҳамон рўз ин ҷониб қаровули чойхонаам…

Икром узромез хайру хуш карда аз чойхона берун шуд. Осмон соф, моҳи пурра ба олам нур мепошид. Накҳати садбаргҳои гулзори мўйсафед ба машомаш расида ўро ба олами хаёл бурд. Эҳтимол дар маҳалла ҳавлие нест, ки аз гулзори  чойхона ниҳоле набурда бошад. Агар касе барои кўчат қаламча пурсад, мўйсафед хеле хурсанд мешавад. Мавсими баҳорон сабади пургулро гирифта сари кўча меистад ва ба раҳгузарон тўҳфа мекунанд. Аҷаб қисмате, на хонаву дар, на зану фарзанд…

Субҳидам Икром рўи ҳавлиро норўфта ёфт. Дари чойхона поси шаб инҷониб боз монда буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …