ГИПОГЛИКЕМИЯ (Hypoglycaemia; аз гипо…, юн. glykys – ширин ва haima – хун), кам шудани миқдори глюкоза дар хун. Миқдори мӯътадили глюкоза дар хуни одами калон 60 – 100 мг/100 мл (3,33 – 5,55 ммол/л) аст. Г. дар одамони солим ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ ва бардавом рух менамояд. Ҳамчун аломати маризӣ Г. дар сурати истифодаи аз меъёр зиёди инсулин (мас., бо мақсади муолиҷаи диабети қанд), ҳамчунин ҳангоми инсуломаи ғадуди зери меъда ба мушоҳида мерасад. Баъзан Г. дар аснои гипотиреоз, бемории Аддисон ва амрози мубодилаи моддаҳо низ дучор меояд. Сустию беҳолатӣ, эҳсоси гуруснагӣ, ларзидани дасту по, паридани ранги рӯ, пахш кардани арақи сард ва ғ. аломатҳои Г. мебошанд. Г.-и ногаҳон дар мавриди нарасондани ёрии тиббӣ метавонад бо иғмо (кома) анҷом пазирад. Бинобар ин ба мариз 100 г қанд додан лозим аст; ҳангоми иғмо ба варид (вена) глюкоза мефиристанд. Ниг. низ Диабети қанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …