Главная / Илм / ГИНГИВИТ

ГИНГИВИТ

gingivitГИНГИВИТ (Gingivitis; аз лот. gingiva – милки дандон), илтиҳоби луобпардаи милки дандонҳо. Г. дар аснои сирояти бактерияю вирусҳо, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, милкро захмдор кардани қираи тези дандони шикаста, санги дандон, пломба ва коронка, ҳангоми таъсири кислотаю ишқорҳо ва гармӣ ба милки дандон сар мезанад. Г. метавонад аломати витаминкоҳиш, аксуламалҳои аллергӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ, бемориҳои роҳи меъдаю рӯда, гурда, хун, заҳролудӣ аз намакҳои металлҳои вазнин (сурб, руҳ), парадонтит ва ғ. бошад.
Г. назлавӣ, захмӣ, гипертрофиявӣ ва атрофиявӣ мешавад. Ҳангоми Г.-и назлавӣ луобпардаи милки дандон сурх шуда, хориш ва варам мекунад; аз бехи дандонҳо хун меравад. Дар аснои Г.-и захмӣ бофтаҳои канори милки дандонҳо дар баробари сурх гаштан, мавт (некроз) низ мешаванд. Бемор аз беҳолӣ, бӯи нофорами даҳон, дардмандии милки дандонҳо шикоят мекунад. Ҳарорати бадан метавонад то 39° баланд шавад. Кам шудани гӯшти бех ва урён гаштани решаи дандонҳо аломати Г.-и атрофиявӣ аст. Беморон аз таъсири нофорами гармӣ ё сардӣ ба дандонҳо шикоят мекунанд.
Г. дар асоси аломатҳои болинӣ ташхис карда мешавад. Бо мақсади муолиҷаи Г. сабаби онро бартараф сохтан лозим аст. Истифодаи доруҳои антисептикӣ, витаминҳо, дур кардани санги дандон, табобати дандонҳои пӯсида ва ғ. нафъ дорад.
С.С. Субҳонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …