Главная / Илм / ГИДРАДЕНИТ

ГИДРАДЕНИТ

gidradenitГИДРАДЕНИТ (Hydr(o)adenitis; аз юн. hidros – арақ ва aden – ғадуд), илтиҳоби римноки ғадудҳои арақ. Одатан, дар зери бағал, баъзан дар чатан ва назди ноф ба вуҷуд меояд. Аксар вақт ба Г. одамони серарақ гирифтор мешаванд. Ба пайдоиши беморӣ заиф гардидани организм, пухтану осеби пӯст (мас., ҳангоми чидани мӯи зери бағал), инчунин риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, ки боиси ба маҷрои ғадудҳои арақ афтодани микробҳои римовар мегардад, мусоидат менамоянд. Беморӣ хеле тӯл кашида, зуд-зуд авҷ мегирад ва мумкин аст ҷараёни музмин касб кунад. Ҳангоми Г. аввал дар зери пӯст як ё чанд доначаи дардноки нахӯдмонанд пайдо шуда, тадриҷан то ба андозаи чормағз мерасанд. Бисёр вақт илтиҳоб насҷи чарбии зери пӯстро низ фаро мегирад. Пӯсти рӯи ғадуди иллатӣ сурх аст. Дар баробари дарди сахт баъзан одамро табларза гирифта, вазъи умумии организм бад мешавад.
Ҳангоми пайдо шудани Г. ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Инкишофи минбаъдаи илтиҳоби рамнок метавонад боиси думбал гардад. Дар ин маврид беморро ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ ба паҳн шудани газак ва пайдоиши оризаҳои ногувор (лимфаденит, уфунат, дабила) роҳ намедиҳад.
Барои пешгирии авҷи Г. ба бемор истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, таомҳои тунду тез қатъиян манъ аст; ӯ бояд шириниро кам истеъмол намояд. Ғизоеро, ки миқдори фаровони витаминҳои А, С, Е ва оҳан (сабзӣ, карам, себ, ғуҷуммева, настаран ва ғ.) дорад, бисёр истеъмол кардан зарур аст. Шарти асосии пешгирии Г. риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва муолиҷаи серарақӣ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …