Главная / Илм / ҒАДУДИ АШК

ҒАДУДИ АШК

gadudi-ashkҒАДУДИ АШК (Glandula lacrimalis), узвест, ки моеъи махсус хориҷ карда, сатҳи ғӯзаи чашм ва конъюнктиваро тар нигоҳ медорад. Дар қисми болои коса (хона)-и чашм ҷой гирифтааст. Маҷрои он ҷониби равоқи конъюнктивии боло боз мешавад. Ғайр аз Ғ. а.-и асосӣ ҳамчунин ғадудҳои хурди иловагӣ низ вуҷуд доранд, ки дар равоқи конъюнктива ва канори болои тағояки пилк ҷойгир мебошанд.
Ашк барои фаъолияти мӯътадили чашм аҳамияти калон дорад. Қабати тунуки оби чашм, ки қабати беруни қарния (шохпарда)-ро фаро гирифтааст, барои инъикоси нур муҳим мебошад. Ғайр аз ин, оби чашм барои аз микробҳо ва ҷисмҳои бегонаи хурд (онҳо ба сатҳи ғӯзаи чашм меафтанд) тоза шудани халтаи конъюнктива мусоидат мекунад.
Ба ноҷуриҳои Ғ. а. нуқси инкишоф (набудан ё суст инкишоф ёфтани он), илтиҳоб (ниг. Дакриоаденит), ихтилоли фаъолият (ашкшорӣ, хушк шудани конъюнктива) ва ғ. мансубанд. Осеби Ғ. а., одатан, кам дучор меояд (асосан ҳангоми лат хӯрдани хонаи чашм ё пилк). Ғ. а. аҳёнан гирифтори омос низ мешавад.
КЛ
Аъзои ашки чашми рост: 1 – ғадуди ашк; 2 – пилки боло; 3 – маҷрои ашк; 4 – ҳавзаки ашк; 5 – ашкхалта; 6 – маҷрои ашк дар бинӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …