Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ УСОРАИ ДОХИЛӣ

ҒАДУДҲОИ УСОРАИ ДОХИЛӣ

gadudhoi-usorai-dokhiliҒАДУДҲОИ УСОРАИ ДОХИЛӣ, ғадудҳои эндокринӣ, ғадудҳои махсус, ки гормонҳои ҳосилкарда ва ихроҷнамудаи онҳо бевосита ба хун, лимфа, моеъи ҳароммағз мегузаранд. Ба Ғ. гипофиз, ҷисми ғурришакл, ғадуди сипаршакл, ғадудҳои наздсипаршакл, ғадудҳои болои гурда, гипоталамус, ғадуди зери меъда, хоя, тухмдон, ғадуди ҷоғар, ҳамроҳак мансуб мебошанд.
Ғ. байни ҳам робитаи устувор дошта, системаи эндокринии томро ба вуҷуд меоранд. Системаи эндокринӣ зери назорати силсилаи асабҳои марказӣ фаъолият менамояд; ҷузъи асосии тамос дар байни ин системаҳои муҳимтарин гипоталамус мебошад. Баъзе ҳуҷайраҳои дигар низ ба хун гормон ё моддаҳои биологии фаъоли шабеҳи онро ихроҷ мекунанд, ҳол он ки узвҳои мазкур мансуби системаи эндокринӣ нестанд, мас., дил, меъда, рӯда, ғадудҳои оби даҳон, гурда, ҷигар ва ғ.
Фаъолияти Ғ. дар натиҷаи тағйир ёфтани муҳити атроф ва муҳити дохилии организм дигаргун мешавад; дар ин гуна ҳолатҳо онҳо бо роҳи танзим ва худтанзим ихроҷи гормонҳои мувофиқро зиёд ё, баръакс, кам мекунанд. Баъзан фаъолияти Ғ. бевосита аз ҷониби системаи гипофиз-гипоталамус танзим карда мешавад. Мас., биосинтези кортикостероидҳо ва ба хун гузаштани онҳоро гормони гипофиз (гормони адренокортикотропӣ), ки дар навбати худ тарашшӯҳи он зери назорати кортиколиберинҳои гипоталамус аст, танзим менамояд. Чунин тарзи танзим барои ғадуди сипаршакл низ вуҷуд дорад (тиролиберин → гормони тиреотропӣ → гормонҳои тиреоидӣ). Фаъолияти баъзе Ғ. аз ҷониби моддаҳои гуногуни табиаташон ғайригормонӣ низ танзим карда мешавад (мас., нейромедиаторҳо, глюкоза, аминокислотаҳо, ионҳо ва ғ.).
Ихтилоли фаъолияти бисёр Ғ. бо роҳи табобат барқарор карда мешавад. Барои муолиҷаи ноҷӯриҳои Ғ. аз усулҳои ҷарроҳӣ низ истифода мекунанд.
КЛ
Мавқеъи ғадудҳои усораи дохилӣ дар ҷисми одам: 1 – гипофиз ва эпифиз; 2 – ғадудҳои наздсипаршакл; 3 – ғадуди сипаршакл; 4 – ғадудҳои болои гурда; 5 – ҷазирачаҳои панкреатинӣ (ғадуди зери меъда); 6 – тухмдон; 7 – хоя.

С. Ҷ. Қосимова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …