Тазод воситаест, ки зебогии дунёро дар ягонагӣ, мутобиқат, мувофиқати тамоми шаклҳои он ифода менамояд. Тазод ҳангоми муқоиса намудани калон ва хурд пайдо мешавад. Ҳангоми муқоиса кардани тобиши ранге, ки тибқи навъ гуногун аст ва силсилаи рангҳо тазоди ранг пайдо мегардад.
Усул такроршавии даврии ягон намуди ҷузъиётест, ки ба во- ситаи фосилаҳои муайян ба ҷо оварда шудаанд. Усул, маъмулан, ҳаракатро ифода мекунад: гоҳ суст, гоҳ тез, пурмавҷ, серамал.
Тобиш ба монанди тазод, дар шакл, бузургӣ, ҳаракат, конструк- сия, навъ, ранг зоҳир шуда метавонад. Кадом намуди санъат на- бошад, усул дар расм нақши асосӣ мебозад.
Дар мусаввараи А. А. Рилов «Дар фазои кабуд» фазои бузурги баҳр ва осмон зимни омезиш бо ягонагии комил дар уфуқ ба тав-
ри аҷоиб мувофиқ меоянд. Дар осмон селаи қувон парвоз меку- нанд, дар сатҳи ороми баҳри нилгун киштии бодбондор дар зери бодбонҳои сап- сафед шино менамояд.
Асарҳои марбут ба пейзажи рассом Иван Агеев «Симфонияи зимистона» ва «Рангҳои тирамоҳ» бо тобиши хос тафовут доранд. Дар онҳо мусиқии наққошӣ ва табиат инъикос ёфтаанд. Муаллиф дар лавҳа зеботарин маҳсули табиатро ифода менамояд.