Главная / Гуногун / Дуои махсуси вақти хоб

Дуои махсуси вақти хоб

Ҳазрати Бароа ибни Озиб (раз) мефармояд, ки; «Расулуллоҳ (с) ба ман иршод фармуданд, ки: «Ҳангоме, ки қасди хоб бар бистар кунӣ, нахуст вузу бигир, сипас бар ҷониби худ бихоб ва ин дуоро бихон:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Хоби Духтар

Аллоҳумма асламту ваҷҳӣ илайка ва фаввазту амрӣ илайка ва-лҷаъту заҳрӣ илайка раҳбатав-ва рағбатан илайка, ло малҷаа ва ло манҷаа минка илло илайка, оманту би китобика-л-лазӣ анзалта ва набийика-л-лазӣ арсалта».

Тарҷума: Худоё, ман ҷони худамро ба Ту супоридам ва муомилаи худро ба Ту муҳаввил (ҳавола) кардам. Аз тарси азоби Ту ба Ту рӯй овардам. Ба ҷуз зоти Ту ҳеҷ паноҳгоҳе ва ҳеҷ ҷойи наҷоте нест. Бар китобе, ки нозил кардӣ, имон овардам ва бар пайғамбаре, ки фиристодӣ, имон овардам.

Расулуллоҳ (с) ба Ҳазрати Бароа (раз) фармуданд: «Агар ин дуоро хонда бихобӣ ва дар он шаб мавти ту фаро расад, мавти ту бар ислом хоҳад буд. Ва агар субҳ бедор шудӣ, хайри бузурге ба ту хоҳад расид. Ва баъд аз хондани ин дуо бо ҳеҷ касе суҳбат накун». Ҳазрати Бароа (раз) мефармояд, ки: «Ман пеши Расулуллоҳ (с) шуруъ кардам барои ёд кардани ин дуо. Ман дар ыумлаи охир ба ҷои «ва набийика-л-лазӣ арсалта» «ва би расулика-л-лазӣ арсалта» гуфтам. Он Ҳазрат (с) иршод фармуданд: «На, балки бигу: «ва набийика-л-лазӣ арсалта».[1]

*              *                *                   *

Ҳазрати Ҷобир (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ, (с) иршод фармуданд: «Ҳар гоҳ касе аз шумо барои хобидан бар бистари худ меояд, фавран як фаришта ва як шайтон назди ӯ меоянд. Шайтон мегӯяд: «Вақти бедории худро бо бадӣ ба поён бирасон». Ва фаришта мегӯяд: «Вақти бедории худро бо некӣ ба поён бирасон».

Пас, агар ӯ зикри Худои таолоро карду хобид, шайтон аз назди ӯ меравад ва фаришта ӯро муҳофизат мекунад. Баъд аз он вақте ки бедор мешавад, фавран як фаришта ва як шайтон назди ӯ меоянд. Шайтон ба ӯ мегӯяд: «Бедории худро бо бадӣ шуруъ кун». Ва фаришта мегӯяд: «Бедории худро бо некӣ шуруъ кун». Агар ӯ ин дуоро бихонад ва баъд аз он, агар ӯ аз ҳайвоне бияфтад ва бимирад, ё бо сабаби дигаре вафот кунад, пас ӯ ба дараҷаи шаҳодат расид. Ва агар зинда монд ва бархосту намоз хонд, пас ба василаи намоз фазоилу дараҷоти зиёде ба ӯ мерасад. [2]

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

 Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ радда илайя нафсӣ баъда мавтиҳо ва лам юмитҳо фӣ маномиҳо. Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ юмсику-с-самоа aн тақаъа ала-л-арзи илло би изниҳи, инналлоҳа би-н-носи ла-Рауфу-р-Раҳим. Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ юҳйи-л-мавто ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.

Тарҷума: Тамоми ҳамду ситоиш барои Худои таолост, он зоте, ки ҷони маро ба ман баргардонд ва дар хоб ба ман мавт надод. Тамоми ҳамду ситоиш барои Худои таолост, он зоте, ки осмонҳоро аз афтоданӣ ба рӯйи замин нигаҳ доштааст ва он бидуни иҷозати ӯ наметавонад, бияфтад. Яқинан Худои таоло бар инсонҳо бисёр Шафиқу Меҳрубон аст. Тамоми ҳамду ситоиш барои Худои таолост, он зоте, ки мурдаҳоро зинда мекунад ва бар ҳар чиз Қодиру Тавоност.

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ва Муслим ривоят кардаанд. 

 [2] Мустадраки Ҳоким.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …