Главная / Гуногун / Дуои қазои ҳоҷот ва рафъи дарду ғам

Дуои қазои ҳоҷот ва рафъи дарду ғам

Аз Ҳазрати Ёфеӣ (paҳ) ривоят шудааст, ки барои бароварда шудани ҳоҷатҳову дур кардани мушкилот ва ҳосил намудани ҳадафу мақсадҳо ва изолаи ҳар дарду ранҷу ғам агар таъвизи зерин, ки бисёр муҷарраб мебошад, истеъмол гардад, иншоаллоҳ бисёр муфид хоҳад буд.

Ва он амал чунин аст: Баъд аз таҳорати комил номи Худои таоло, яъне «Латиф»-ро 16641 маротиба тавре бихонад, ки аз ин теъдод на камтар бошад ва на бештар, зеро дар ғайри ин сурат он розе, ки дар ин исм нуҳуфтааст, зоҳир нахоҳад гашт. Барои ин ки ин теъдод ба таври комил маҳфуз бимонад, беҳтарин тариқааш ин аст, ки як тасбеҳи 129-донагӣ сохта шавад ва 129 маротиба бо пуррагӣ ҳамон тасбеҳро гардонида, ин исми зикршуда такрор карда шавад, ки дар натиҷа адади дилхоҳ ҳосил хоҳад шуд. Далел ин, ки ин теъдод чаро малҳузи назар мебошад, ин аст, ки адади ин исми муборак 129 мебошад ва агар онро дар 129 зарб диҳанд, ин адад ба даст хоҳад омад.

Агар баъд аз итмоми ин зикр барои ниёзҳояш дуо кунад, иншоаллоҳ Худованд орзуҳояшро бароварда хоҳад сохт. Албатта, баъд аз ҳар тасбеҳе ин оятро бихонад:

Лo тудрикуҳу-л-абсору ва Ҳува юдрику-л-абсора ва Ҳува- л-Латифу-л-Хабир.[1]

Ва дар поён ин дуоро бихонад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма вассиъ алайя ризқӣ. Аллоҳумма аттиф алайя хулқика камо санта ваҷҳӣ ани-с-суҷуди ли ғайрика фа сунҳу ан зилли-с-суоли ли ғайрика. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимина.[2]

[1] Сураи Анъом, ояти 103.

[2] “Бӯстони Ростон”.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …