Дуои «40 Раббано»: Алҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ало Муҳаммадив-ва олиҳи ва ало ибодиҳи-л-лазина-с- тафо.
Аммо бидон, эй муқтадои содиқ, ки ба Қуръони азим ва мутолиати Расули Карим (с) ин Раббано оёти муаззамот барои иҷобати дуо. Вақте қурбу маърифати Ҳазрати Кибриё аз Қуръони азим ҷамъ карда ва иҷобат намуда. Ва ҳар ояте, ки дар китоби тафосир ва аҳодис ва ғайри онҳо савоби возеҳ навиштаанд, онро шаммае дар ин зикр карда шуд. Иттифоқ ин аст, ки баъд аз тиловати ин оёт ҳар ҳоҷате, ки талаб кунад, Ҳақ таоло ато фармояд.
Ва аз он ҷумла ҳар кӣ ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро барои саломатии имон ва шафоати Ҳазрати Муҳаммад (с) баъд аз намози хуфтан ва бомдод як бор бихонад ва ин амалро ҳар рӯз анҷом диҳад, албатта, Худои таоло ӯро боимон дорад ва шафоати Ҳазрати Муҳаммад (с) каромат фармояд.
Ва ҳар кӣ аз барои равшании гур ва дафъи азоби қабр ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро баъд аз намози шом бихонад, Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло гури ӯро равшан гардонад ва азоби қабрро бар вай осон гардонад.
Ва чун ҳар касе пайваста дар субҳу шом ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, иншоаллоҳ ба мартабаи вилоят бирасад.
Ва ҳар кӣ ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро чиҳил рӯз ба эҳтиёти тамом сад бор рӯзона ва сад бор шабона бихонад, мустаҷобу-д-даъвот[1] гардад ва дар байни уву биҳишт ҳеҷ ҳиҷобе намонад.
Ва ҳар кӣ баъд аз намози бомдод, ё баъд аз намози пешин ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, сеҳр бар вай кор накунад.
Ва ҳар кӣ дар умри худ як бор ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, гуноҳи чиҳилсолаи ӯро Худои таоло афв кунад.
Ва ҳар кӣ аз барои талаби илм ва касрати фаҳм ва ҳифз кардани чизи хондааш ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бо қироати дуруст сад бор бихонад ва баъд аз он дуруд фиристад, Худои таоло муҳиммоти ӯро баровардаи хайр гардонад.
Ва ҳар кӣ дар намози таҳаҷҷуд ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, рӯҳи ӯ ба ислоҳ ояд ва дили ӯ равшан гардад ва аксари бузургон бар ин амал намудаанду баҳраманд шудаанд.
Ва ҳар кӣ ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад ва ба паҳлӯи рост бихусбад, арвоҳи пайғамбарону авлиёҳоро дар хоб бинад ва башорат ҳосил кунад.
Ва ҳар кӣ хоҳад, ки аз азоби гур ва сахтии ҷонкандан ва саволи Мункару Накир бар вай осон шавад, бояд ки баъд аз намози панҷгона ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро тиловат намояд.
Ва ҳар кӣ аз ҷиҳати ҳар дарде, ки ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, то ҳафтаи дигар, Худо хоҳад шифо меёбад.
Ва аз ҷиҳати ҳар беморе то се рӯз ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бар оби пок бихонанду бинӯшонанд, Худо хоҳад шифо меёбад.
Ва ҳар кӣ хоҳад, ки аз гуноҳон пок шавад, бояд ки ду ракъат намоз бигузорад ва баъд аз он ҳафт бор ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, омурзида гардад.
Ва ҳар кӣ аз барои талаби фарзанд ин дуои «Чиҳил Раббано»-ро бихонад, Худои таоло ӯро фарзанд каромат кунад.
Асноди ин дуои «Чиҳил Раббано» бисёр буд, аммо мухтасар кардем.
Дуои «Чиҳил Раббано»
Сураи «Фотиҳа»
Аузу биллоҳи мина-ш-шайтоии-р-раҷим
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин. Ар-Раҳмони-р-Раҳим. Молики явми-д-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаин. Иҳдина-с-сирота-л-мустақима, сирота-л-лазина анъамта алайҳим, ғайри-л-мағзуби алайҳим ва ла-з-золлин. (Омин).
Раббано тақаббал минно иннака Анта-с-Самиу-л-Алим.[2]
Раббано ва-ҷъално муслимайни Лака ва мин зуррийятино умматам-муслимата-л-Лака, ва арино маносикано ва туб алайно, иннака Анта-т-Таввобу-р-Раҳим.[3]
Раббано отино фӣ-д-дунё ҳасанатав-ва фӣ-л-охирати ҳасанатав-ва қино азоба-н-нор.[4]
Раббано африғ алайно сабра-в-ва саббит ақдомано ва- нсурно ала-л-қавми-л-кофирин.[5]
Раббано ло туохизно ин-насино ав ахтаъно.[6]
Раббано ва ло таҳмил алайно исран камо ҳамалтаҳу ала-л-лазина мин қаблино.[7]
Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ, ва-ъфу анно, ва-ғфирлано, ва-рҳамно, Анта Мавлоно фа-нсурно ала- л-қавми-л-кофирин.[8]
Раббано ло тузиғ қулубано баъда из ҳадайтано ва ҳаб лано ми-л-ладунка раҳмаҳ, иннака Анта-л-Ваҳҳоб.[9]
Раббано иннака ҷомиъу-н-носи ли-явми-л-ло райба фиҳ, инналлоҳа ло юхлифу-л-миъод.[10]
Раббано иннано оманно фа-ғфирлано зунубано ва қино азоба-н-нор.[11]
Раббано оманно бимо анзалта ва-т-табаъна-р-Расула фа-ктубно маа-ш-шоҳидин.[12]
Раббана-ғфирлано зунубано ва исрофано фӣ амрино ва саббит ақдомано ва-нсурно ала-л-қавми-л-кофирин.[13]
Раббано мо халақта ҳозо ботило, Субҳонака фа қино азоба-н-нор.[14]
Раббано иннака ман тудхили-н-нора фа қад ахзайтаҳу, ва мо ли-з-золимина мин ансор.[15]
Раббано иннано самиъно мунодийя-й-юнодӣ ли-л-имони ан омину би-Раббикум фа оманно.[16]
Раббано фа-ғфирлано зунубано ва каффир анно сайиотино ва таваффано маа-л-аброр.[17]
Раббано ва отино мо ваъадтано ало русулика ва ло тухзино явма-л-қиёмати, иннака ло тухлифу-л-миъод.[18]
Раббано оманно фактубно мааш-шоҳидин.[19]
Раббано анзил алайно моидата-м-мина-с-самои такуну лано ида-л-ли-аввалино ва охирино ва оята-м-минка, ва-рзуқно ва Анта Хайру-р-розиқин.[20]
Раббано заламно анфусано ва ил-лам тағфирлано ва тарҳамно ланакунанна мина-л-хосирин.[21]
Раббано ло таҷъално маа-л-қавми-з-золимин.[22]
Раббана-фтаҳ байнано ва байна қавмино би-л-ҳаққи ва Анта Хайру-л-фотиҳин.[23]
Раббано африғ алайно сабрав-ва таваффано муслимин. [24]
Раббано ло таҷъално фитната-л-ли-л-қавми-з-золимина, ва наҷҷино бираҳматика мина-л-қавми-л-кофирин.[25]
Раббано иннака таъламу мо нухфӣ ва мо нуълину, ва мо яхфо алаллоҳи мин шайъин фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-само.[26]
Раббано ва тақаббал дуои.[27]
Раббана-ғфирлӣ ва ливолидайя ва ли-л-муъминина явма яқуму-л-ҳисоб.[28]
Раббано отино мил-ладунка раҳматав-ва ҳаййиъ лано мин амрино рашадо.[29]
Раббано иннано нахофу ай-яфрута алайно ав ай-ятғо.[30]
Раббуна-л-Лазӣ аъто кулла шайъин халқаҳу сумма ҳадо.[31]
Раббано оманно фа-ғфирлано ва-рҳамно ва Анта Хайру-р-роҳимин.[32]
Раббана-сриф анно азоба ҷаҳаннама, инна азобаҳо кона ғаромо. Иннаҳо соат мустақаррав-ва муқомо.[33]
Раббано ҳаблано мин азвоҷино ва зуррийётино куррата аъюнн-в-ва-ҷъално ли-л-муттақина имомо.[34]
Раббано ла-Ғафурун Шакур.[35]
Раббано васиъта кулла шайъин раҳмата-в-ва ил ман фа-ғгфир ли-л-лазина тобу ва-т-табаъу сабилака ва қиҳим азоба- л-ҷаҳим.[36]
Раббано ва адхилҳум ҷанноти аднини-л-латӣ ваъадтаҳум ва ман салаҳа мин обоиҳим ва азвоҷиҳим ва зуррийётиҳим, иннака Анта-л-Азизу-л-Ҳаким. Ва қиҳиму-с-сайиоти, ва ман тақи-с-сайиоти явмаизин фа қад раҳимтаҳу, ва золика ҳува-л-фавзу-л-азим.[37]
Раббана-ғфирлано ва ли ихвонина-л-лазина сабақуно би-л-имони ва ло танъал фӣ қулубино ғилла-л-ли-л-лазина оману, Раббано иннака Рауфу-р-Раҳим.[38]
Раббано алайка таваккално ва илайка анабно ва илайка- л-масир.[39]
Раббано ло таҷъално фитната-л-ли-л-лазина кафару ва-ғфир лано Раббано, иннака Анта-л-Азизу-л-Ҳаким.[40]
Раббано атмим лано нурано ва-ғфир лано, иннака ало кулли шайъин қадир.[41]
Субҳона Раббика Рабби-л-иззати аммо ясифун. Ва саломун ала-л-мурсалин. Ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л- оламин.[42]
Дуои «Чиҳил Раббано» бо тарҷума ва баъзе аз хосиятҳояш
Сураи «Фотиҳа»
Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин. Ар-Раҳмони-р-Раҳим. Молики явми-д-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаин. Иҳдина-с-сирота-л-мустақима, сирота-л-лазина анъамта алайҳим, ғайри-л-мағзуби алайҳим ва ла-з-золлин. (Омин).
Тарҷума: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон.
- Ситоиш Худойро, (ки) Парвардгори оламиён[43]. 2. Бахшояндаи Меҳрубон. 3. Худованди рӯзи ҷазост. 4. Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ металабем. 5. Моро роҳи рост бинамой – 6. роҳи касоне, ки бар онҳо инъом кардаӣ[44], 7. на (роҳи) касоне, ки бар онҳо хашм гирифта шуд[45] ва на гумроҳон[46]!
- Раббано тақаббал минно иннака Анта-с-Самиу-л- Алим.[47]
Эй Парвардигори мо! Аз мо бипазир, ҳамоно Ту Шунавои Доноӣ!
- Раббано ва-ҷъално муслимайни Лака ва мин зуррийятино умматам-муслимата-л-Лака, ва арино маносикано ва туб алайно, иннака Анта-т-Таввобу-р-Раҳим.[48]
Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори Худ бигардон ва аз фарзандони мо гурӯҳеро фармонбардори Худат бикун ва тариқи ибодатҳои моро ба мо бинмой; ва ба мо (ба меҳрубонӣ) бозгард, ҳамоно Ту Бозгардандаи Меҳрубонӣ!
- Раббано отино фӣ-д-дунё ҳасанатав-ва фӣ-л-охирати ҳасанатав-ва қино азоба-н-нор.[49]
Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ ва моро аз азоби оташ (-и дузах) нигоҳ дор!
- Раббано африғ алайно сабрав-ва саббит ақдомано ва-нсурно ала-л-қавми-л-кофирин.[50]
Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ бибахш ва қадамҳои моро устувор кун ва моро бар гурӯҳи ногаравидагон ғалаба деҳ!
- Раббано ло туохизно ин-насино ав ахтаъно.[51]
Эй Парвардигори мо, агар фаромуш кунем, ё хато кунем, моро (ба уқубат) магир!
- Раббано ва ло таҳмил алайно исран камо ҳамалтаҳу ала-л-лазина мин қаблино.[52]
Эй Парвардигори мо, бар мо бори гарон манеҳ, чунон ки онро бар касоне ниҳодӣ, ки neш аз мо буданд!
- Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ ва-ъфу анно, ва-ғфирлано, ва-рҳамно, Анта Мавлоно фа-нсурно ала-л-қавми-л-кофирин.[53]
Эй Парвардигори мо, ва бар мо он чиро манеҳ, ки моро бар он тавон нест. Ва аз мо даргузар ва биомурз ва бар мо бибахшой, Туӣ Худованди мо, пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯзӣ деҳ!
Ин оятҳои 286-уми сураи «Бақара»-ро Худои таоло барои бандагон аз барои ошкоро намудани оҷизӣ ва хостани нусрату ҳоҷаташон таълим менамояд. Имрӯзҳо хондани ин оятҳо барои ҳар як афроди мусалмон хеле лозиму зарурӣ аст. Чаро ки душманони ислом дар камин ҳастанд, ки мусалмононро аз ақидаҳои исломиашон дур намоянд. Худои таоло ба фазли худ тамоми мусалмононро аз зулму шарри ин золимон наҷот диҳад.
Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: Ду ояти охири сураи «Бақара» то охир дар ҳар хонае хонда шаванд, шайтон то се шаб наздики он нахоҳад рафт. Ва ҳамчунин фармудаанд, ки: Худованди мутаол сураи «Бақара»-ро бо ду оят хатм кардааст. Ин ду оят аз зери Арш ба ман дода шудаанд, пас шумо онҳоро ёд бигиред ва ба занону фарзандонатон ёд бидиҳед, зеро инҳо раҳмат ва Қуръон ва дуо мебошанд.
- Раббано ло тузиғ қулубано баъда из ҳадайтано ва ҳаб лано ми-л-ладунка раҳмаҳ, иннака Анта-л-Ваҳҳоб.[54]
Эй Парвардигори мо, баъд аз он, ки ба мо роҳ намудӣ, дилҳои моро каҷ макун! Ва барои мо аз назди Худат неъмат ато кун, ҳамоно Ту Атокунандай!
- Раббано иннака Ҷомиъу-н-носи ли-явми-л-ло райба фиҳ, инналлоҳа ло юхлифу-л-миъод.[55]
Эй Парвардигори мо, ҳамоно Ту дар рӯзе, ки дар он ҳеҷ шак нест, Ҷамъкунаидаи мардум ҳастӣ! Ба дурустӣ ки Худо ваъдаро хилоф намекунад.
- Раббано иннано оманно фа-ғфирлано зунубано ва қино азоба-н-нор.[56]
Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки мо имон овардем, пас барои мо гуноҳони моро биомурз ва моро аз азоби omaш нигаҳ дор!
Ояти 16-уми сураи Оли Имрон дуои он касоне мебошад, ки дар охири кор бихиштӣ хоҳанд шуд.
- Раббано оманно бимо анзалта ва-т-табаъна-р-Расула фа-ктубно маа-ш-шоҳидин.[57]
Эй Парвардигори мо, ба он чи фуруд овардӣ, имон овардем ва ба Пайғамбар пайравӣ кардем, пас, моро аз шоҳидон бинавис!
- Раббана-ғфирлано зунубано ва исрофано фӣ амрино ва саббит ақдомано ва-нсурно ала-л-қавми-л-кофирин.[58]
Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва дар кори худ аз ҳад гузаштани моро ба мо биомурз ва гомҳои моро устувор бидор ва моро бар қавми кофирон нусрат бидеҳ.
- Раббано мо халақта ҳозо ботило, Субҳонака фа қино азоба-н-нор.[59]
Эй Парвардигори мо, инро беҳуда наёфаридаӣ, покӣ Турост, пас моро аз азоби оташи дузах нигаҳ дор!
- Раббано иннака ман тудхили-н-нора фа қад аҳзайтаҳу, ва мо ли-з-золимина мин ансор.[60]
Эй Парвардигори мо, ҳар киро ба дузах дарори, ба дурустӣ ки ӯро расво кардаӣ! Ва ситамгаронро ёридиҳандае нест.
Оятҳои 191-192-уми сураи Оли Имрон дуои бандагони неки Худои таоло аст, ки худи Худои таоло хонандагони ин дуоро таъриф намуда ва ваъдаи иҷобати онро додааст.
- Раббано иннано самиъно мунодийя-й-юнодӣ ли-л- имони ан омину би-Раббикум фа оманно.[61]
Эй Парвардигори мо, ҳамоно мо нидокупандаеро шунидем, ки ба овози баланд ба сӯйи имон мехонд: «Ба Парвардигори хеш имон оред!» Ва мо имон овардем.
- Раббано фа-ғфирлано зунубано ва каффир анно сайиотино ва таваффано маа-л-аброр.[62]
Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биомурз ва аз мо бадиҳои моро дур кун ва моро бо накӯкорон бимирон!
- Раббано ва отино мо ваъадтано ало русулика ва ло тухзино явма-л-қисмати, иннака ло тухлифу-л-миъод.[63]
Эй Парвардигори мо, он чиро, ки ба (забони) расулони Худ ба мо ваъда кардаӣ, ба мо бидеҳ ва моро рӯзи қиёмат расво макун; ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ!
- Раббано оманно фактубно мааш-шоҳидин.[64]
Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас бинавис моро бо шоҳидон.
- Раббано анзил алайно моидата-м-мина-с-самои такуну лано ида-л-ли-аввалино ва охирино ва оята-м-минка, ва-рзуқно ва Анта Хайру-р-розиқин.[65]
Эй Парвардигори мо, барои мо хоне аз осмон фуруд ор, то ки барои мо ва барои аввалу охири (уммати) мо иде ва мӯъҷиза аз ҷониби Ту бошад; ва ба мо рӯзӣ деҳ; ва Ту Беҳтарини рӯзидиҳандагонӣ!
- Раббано заламно анфусано ва ил-лам тағфирлано ва тарҳамно ланакунанна мина-л-хосирин.[66]
Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ пакунӣ, албатта, аз зиёнкорон бошем.
Ояти 23-уми сураи Аъроф дуои раҳмату маӯфират мебошад, ки ба давлати ин дуо Ҳазрати Одам (а) омурзида шуд.
- Раббано ло таҷъално маа-л-қавми-з-золимин.[67]
Эй Парвардигори мо, моро бо гурӯҳи ситамгарон ҳамроҳ макун!
- Раббана-фтаҳ байнано ва байна қавмино би-л-ҳаққи ва Анта Хайру-л-фотиҳин.[68]
Эй Парвардигори мо, дар миёни мову дар миёни қавми мо ба ростӣ ҳукм кун! Ва Ту Беҳтарини ҳукмкунандагон ҳастӣ.
- Раббано африғ алайно сабрав-ва таваффано муслимин.[69]
Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ фурӯ бирез ва моро мусулмон бимирон!
Ояти 126-уми сураи Аъроф дуои талаби сабр ва анҷоми хайр мебошад ва ин дуои ҷодугарони Фиръавн аст, ки ба Ҳазрати Мусо (а) имон оварданд. Ин дуо барои сабр дар муқобилаи душман ва будани анҷоми ба хайр ва саломатии имон муҷарраб ва муфид аст.
- Раббано ло таҷъално фитната-л-ли-л-қавми-з-золимина, ва наҷҷино бираҳматика мина-л-қавми-л-кофирин.[70]
Эй Парвардигори мо, моро лагадкӯби қавми ситамгарон макун! Ва моро ба раҳмати Худ аз гурӯҳи кофирон наҷот деҳ!
Ояти 86-уми сураи Юнус дуои наҷот ёфтан аз золимон аст. Аз баракати ин дуо Банӣ Исроил аз панҷаи Фиръавн наҷот ёфтанд.
- Раббано иннака таъламу мо нухфӣ ва мо нуълину, ва мо яхфо алаллоҳи мин шайъин фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-само.[71]
Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ, Ту он чизро медонӣ, ки пинҳон медорем ва он чиро, ки ошкор мекунем. Ва ҳеҷ чизе дар замину дар осмон бар Худо пӯшида намешавад.
- Раббано ва тақаббал дуои.[72]
Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир!
- Раббана-ғфирлӣ ва ливолидайя ва ли-л-муъминива явма яқуму-л-ҳисоб.[73]
Эй Парвардигори мо, рӯзе, ки ҳисоб қоим шавад, маро ва модару падари маро ва мусалмононро биомурз!
Оятҳои 40-41-уми сураи Иброҳим дуо барои модару падар ва фарзандони тамоми мусалмонон аст. Ва ин дуои Ҳазрати Иброҳим (а) аст.
- Раббано отино мил-ладунка раҳматав-ва ҳаййиъ лано мин амрино рашадо.[74]
Эй Парвардигори мо, бахшише аз назди Худ ба мо бидеҳ ва дар кори мо роҳёбиро барои мо омода соз!
- Раббано иннано нахофу ай-яфрута алайно ав ай-ятғо.[75]
Эй Парвардигори мо, ҳамоно аз он метарсем, ки моро озор диҳад, ё саркашӣ кунад!
- Раббуна-л-Лазӣ аъто кулла шайъин халқаҳу сумма ҳадо.[76]
Парвардигори мо Он аст, ки ба ҳар чизе сурати сазовори ӯро дод, сипас ба ӯ роҳ намуд.
- Раббано оманно фа-ғфирлано ва-рҳамно ва Анта Хайру-р-роҳимин.[77]
Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас, моро биомурз ва бар мо бибахшой; ва ту Беҳтарини бахшояндагонӣ.
- Раббана-сриф анно азоба ҷаҳаннама, инна азобаҳо кона ғаромо. Иннаҳо соат мустақаррав-ва муқомо.[78]
Эй Парвардигори мо, аз мо азоби дузахро боздор; ба дурустӣ ки азоби дузах ҷовид аст! Ҳамоно дузах бад оромгоҳе ва мақоме аст.
- Раббано ҳаблано мин азвоҷино ва зуррийётино қуррата аъюни-в-ва-ҷъално ли-л-муттақина имомо.[79]
Эй Парвардигори мо, аз занони мо ва аз фарзандони мо ба мо равшании чашм бибахш ва моро пешвои парҳезгорон бикун!
- Раббано ла-Ғафурун Шакур.[80]
Ба рости ки Парвардигори мо, Омурзандаи Қадршинос аст.
- Раббано васиъта кулла шайъин раҳмата-в-ва илман фа-ғфир ли-л-лазина тобу ва-т-табаъу сабилака ва қиҳим азоба-л-ҷаҳим.[81]
Эй Парвардигори мо, ба бахшоишу дониш ҳама чизро фаро гирифтаӣ, пас, ононро, ки тавба карданд ва ба роҳи Ту пайравӣ намуданд, биомурз ва онҳоро аз азоби дузах нигаҳ дор!
- Раббано ва адхилҳум ҷанноти аднини-л-лати ваъадтаҳум ва ман салаҳа мин обоиҳим ва азвоҷиҳим ва зуррийётиҳим, иннака Анта-л-Азизу-л-Ҳаким.
Ва қиҳиму-с-сайиоти, ва ман тақи-с-сайиоти явмаизин фа қад раҳимтаҳу, ва золика ҳува-л-фавзу-л-азим.[82]
Эй Парвардигори мо, онҳоро ба бустонҳои ҷовидон дарор, ки ба онҳо ваъда кардаӣ; ва низ аз падаронашон ва занонашон ва фарзандонашон ҳар кӣ шоистакор бошад, (ба ҷаннат дарор)! Ба дурустӣ ки Ту Ғолиби Боҳикматӣ.
Ва онҳоро аз уқубатҳо нигоҳ дор! Ва ҳаркиро дар он ру3 аз уқубатҳо нигоҳ дорӣ, пас дар воқеъ бар вай раҳм кардаӣ. Ва ин (нигоҳ доштан) ҳамон пирӯзии бузург аст.
- Раббана-ғфирлано ва ли ихвонина-л-лазина сабақуно би-л-имони ва ло таҷъал фӣ қулубино ғилла-л-ли-л-лазина оману, Раббано иннака Рауфу-р-Раҳим.[83]
Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пеши гирифтанд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба он он, ки имон оварданд, ҳеҷ кинае манеҳ! Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ.
- Раббано алайка таваккално ва илайка анабно ва илайка-л-масир.[84]
Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккул кардем ва ба суи Ту бозгаштем ва бозгашт(-и ҳама) ба сӯи Туст.
- Раббано ло таҷъално фитната-л-ли-л-лазина кафару ва-ғфир лано Раббано, иннака Анта-л-Азизу-л-Ҳаким.[85]
Эй Парвардигори мо, моро зердасти кофирон магардон ва биомурз моро, эй Парвардигори мо! Ба дурустӣ ки Ту Ғолиби Боҳикматӣ.
- Раббано атмим лано нурано ва-ғфир лано, иннака ало кулли шайъин қадир.[86]
Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо тамом деҳ ва моро биомурз! Ба дурустӣ ки Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ.
Субҳона Раббика Рабби-л-иззати аммо ясифун. Ва саломун ала-л-мурсалин. Ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л- оламин.[87]
Пок аст Парвардигори ту – Худованди ғалаба аз он чи (ин гурӯҳ) баён мекунанд! Ва салом бар фиристодагон(-и Худо) бод! Ва сипос Худойро, ки Парвардигори оламиён аст.
[1] Яъне: дуоҳояш иҷобат шаванд.
[2] Сураи Бақара, ояти 127.
[3] Сураи Бақара, ояти 128.
[4] Сураи Бақара, ояти 201.
[5] Сураи Бақара, ояти 250.
[6] Сураи Бақара, ояти 286.
[7] Сураи Бақара, ояти 286.
[8] Сураи Бақара, ояти 286.
[9] Сураи Оли Имрон, ояти 8.
[10] Сураи Оли Имрон, ояти 9.
[11] Сураи Оли Имрон, ояти 16.
[12] Сураи Оли Имрон, ояти 53.
[13] Сураи Оли Имрон, ояти 147.
[14] Сураи Оли Имрон, ояти 191.
[15] Сураи Оли Имрон, ояти 192.
[16] Сураи Оли Имрон, ояти 193.
[17] Сураи Оли Имрон, ояти 193.
[18] Сураи Оли Имрон, ояти 194.
[19] Сураи Моида, ояти 83.
[20] Сураи Моида, ояти 114.
[21] Сураи Аъроф, ояти 23.
[22] Сураи Аъроф, ояти 47.
[23] Сураи Аъроф, ояти 89.
[24] Сураи Аъроф, ояти 126.
[25] Сураи Юнус, оятҳои 85-86.
[26] Сураи Иброҳим, ояти 38.
[27] Сураи Иброҳим, ояти 40.
[28] Сураи Иброҳим, ояти 41.
[29] Сураи Каҳф, ояти 10.
[30] Сураи Тоҳо, ояти 45.
[31] Сураи Тоҳо, ояти 50.
[32] Сураи Муъминун, ояти 109.
[33] Сураи Фурқон, оятҳои 65-66.
[34] Сураи Фурқон, ояти 74.
[35] Сураи Фотир, ояти 34.
[36] Сураи Ғофир, ояти 7.
[37] Сураи Ғофир, оятхои 8-9
[38] Сураи Ҳашр, ояти 10.
[39] Сураи Мумтаҳана, ояти 4.
[40] Сураи Мумтаҳана, ояти 5.
[41] Сураи Таҳрим,ояти 8.
[42] Сураи Саффот, оятҳои 108-182.
[43] Яъне: инс ва ҷин ва малоика ва ҳоказо, ки ҳар кадомеро оламе ҳаст.
[44] Яъне : пайғамбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон.
[45] Яъне: яҳудиён.
[46] Яъне: насрониён.
[47] Сураи Бақара, ояти 127.
[48] Сураи Бақара, ояти 128.
[49] Сураи Бақара, ояти 201.
[50] Сураи Бақара, ояти 250.
[51] Сураи Бақара, ояти 286.
[52] Сураи Бақара, ояти 286.
[53] Сураи Бақара, ояти 286.
[54] Сураи Оли Имрон, ояти 8.
[55] Сураи Оли Имрон, ояти 9.
[56] Сураи Оли Имрон, ояти 16.
[57] Сураи Оли Имрон, ояти 53.
[58] Сураи Оли Имрон, ояти 147.
[59] Сураи Оли Имрон, ояти 191.
[60] Сураи Оли Имрон, ояти 192.
[61] Сураи Оли Имрон, ояти 193.
[62] Сураи Оли Имрон, ояти 193.
[63] Сураи Оли Имрон, ояти 194.
[64] Сураи Моида, ояти 83.
[65] Сураи Моида, ояти 114.
[66] Сураи Аъроф, ояти 23.
[67] Сураи Аъроф, ояти 47.
[68] Сураи Аъроф, ояти 89.
[69] Сураи Аъроф, ояти 126.
[70] Сураи Юнус, оятҳои 85-86.
[71] Сураи Иброҳим, ояти 38.
[72] Сураи Иброҳим, ояти 40.
[73] Сураи Иброҳим, ояти 41.
[74] Сураи Каҳф, ояти 10.
[75] Сураи Тоҳо, ояти 45.
[76] Сураи Тоҳо, ояти 50.
[77] Сураи Муъминун, ояти 109.
[78] Сураи Фурқон, оятҳои 65-66.
[79] Сураи Фурқон, ояти 74.
[80] Сураи Фотир, ояти 34.
[81] Сураи Ғофир, ояти 7.
[82] Сураи Ғофир, оятҳои 8-9.
[83] Сураи Ҳашр, ояти 10.
[84] Сураи Мумтаҳана, ояти 4.
[85] Сураи Мумтаҳана, ояти 5.
[86] Сураи Таҳрим, ояти 8.
[87] Сураи Соффот, оятҳои 108-182.