Главная / Илм / ДӯЛОНАИ СУРХАК

ДӯЛОНАИ СУРХАК

dulonai-surhakДӯЛОНАИ СУРХАК (Crataegus songorica), дӯлонахорак, навъе аз дӯлона. То 8 – 10 м қад мекашад. Пӯстлохаш қаҳваранг, баргаш байзашакли пармонанд, гулаш сафед, мевааш мудаввар, сабзи паст (вақти пухтан сурх ва баъди хушк шудан, сиёҳтоб мешавад). Моҳи май гул карда, мевааш октябр мепазад. Дар Тоҷикистон, одатан, дар ҷангалзори паҳнбарг ва буттазорҳои қ-кӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 1000 – 1600 м аз с.б.) месабзад.
Сокинони таҳҷоӣ аз гулу меваи Д. с. доруҳои гуногун тайёр мекунанд. Чойи гулҳои хушк ва нақеъи меваи он (дӯлонаоб)-ро ҳангоми сих задани дил, хафақон, ғалаёни хун ва бемориҳои меъдаву рӯда менӯшанд. Ба ақидаи табибони халқӣ Д. с. – ро бихӯранд, хун қай кардан, хунравии узвҳои дарун ва қайро манъ мекунад; пуштро қавӣ мегардонад, иллати филпоро нафъ дорад.
Дар амалияи тибби муосир ҷавҳари обии Д.с. ва нақеъи гули онро ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо чун воситаи муқаввии мушакҳои дил, таскинбахш ва фишорфарор истифода мебаранд. Дар таркиби Д.с. қариб ҳамаи он моддаҳои фаъоли биологӣ, ки дар дӯлона дарёфт кардаанд, мавҷуд аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …