Главная / Илм / ДОВУДИ АНТОКӣ

ДОВУДИ АНТОКӣ

no-photoДОВУДИ АНТОКӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1600, Макка), Довуд ибни Умари Антокии Зарир, табиби араб. Зодаи Антокия буда, баъд аз омӯхтани илми тиб ба Ҳалоб, Димишқ ва Қоҳира сафар мекунад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Д. А. нобино будааст. Д. А. ба ғайр аз илми тиб мантиқ, фалсафа ва илми фалакро низ хуб медонист. ӯ дар боби тиб китобҳои зиёде таълиф кардааст, ки Ҳоҷихалифа 24 номгӯй аз онҳоро дар китоби худ ном мебарад, аз ҷумла: «Тазкирату ули-л-албоб ал-ҷомеъ ли-л-уҷби-л-иҷоб» дар се муҷаллад, «Шарҳу-л-Қонун», «Мухтасару-л-Қонун», «Назми «Қонунча»-и Чағминӣ ва ғ. Аз ин миён Д. А. бо «Тазкирату ули-л-албоб»-и худ дар таърихи тибби арабу аҷам маъруф аст.
Ад.: Риёз Рамазон, «ад-Даво мин фаҷри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …