Главная / Илм / ДИСПЕПСИЯ

ДИСПЕПСИЯ

dispepsiaДИСПЕПСИЯ (аз дис… ва юн. pepsis – ҳозима), бо сабабҳои гуногун номураттаб гардидани ҳазми хӯрок. Ихтилоли таносуби байни гурӯҳҳои гуногуни микроби қисмҳои рӯда аксар боиси Д. мегардад. Д. ду хел (туршкунанда ва пӯсонанда) мешавад.
Асоси Д. – и туршкунандаро афзоиши ҳаракат (моторика)-и рӯдаи борик, ки дар натиҷаи он қисми карбогидратҳои хӯрок ҳазм ва ҷаббида намешавад, ташкил медиҳад. Аломати зоҳирии он бод, дамоварӣ, халаи шикам, исҳол ва ғ. мебошад. Д.-и пӯсонанда натиҷаи пурзӯр гаштани протсессҳои пӯсиш дар рӯдаи ғафс ва қисман дар рӯдаи борик аст. Ҳангоми вайрон шудани тарашшӯҳи ҳозимаи меъдаю рӯда ва суст гаштани таъсири бактерисидии шираи меъда аз қисми поёнии рӯдаи борик ба қисми болоии он микрофлора маскун мешавад. Афзудани ихроҷи шираи рӯда, ки миқдори зиёди сафеда дошта, ҷавҳари пӯсиш мегардад, манбаи асосии Д.-и пӯсонанда мебошад. Д. аксар вақт ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, инчунин якбора ба миқдори зиёд истеъмол намудани ғизоҳои бадҳазм ва дурушт рӯй медиҳад.
Барои муолиҷаи Д.парҳез, истифодаи витаминҳои С, РР, В1 ва В2, моддаҳои адсорбсиявӣ ва зиддиилтиҳобӣ нафъ доранд.
Ниг. низ Диспепсия дар кӯдакон.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …