ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ (Dispensarisatio), усули муоинаи фаъолона ва мунтазами гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии тансиҳат, ки нишонаҳои умумии физиологӣ доранд (мас., бачагон, наврасҳо, занон ва ғ.) ё шароити умумии касбу истеҳсолот муттаҳидашон кардааст, инчунин шахсоне, ки ба бемории муайян (мас., тарбод, захми меъда) гирифторанд. Ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, дароз кардани умри одамон ва баланд бардоштани самараи меҳнати онҳо (дар натиҷаи кам шудани беморӣ ва маҷрӯҳӣ бинобар сари вақт ва фаъолона ошкору табобат кардани он; омӯхтан ва рафъи сабабҳое, ки ба пайдоишу паҳн гаштани беморӣ мусоидат мекунанд; андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва табобативу беҳдоштӣ) мақсади асосии Д. мебошад. Усули диспансерии пешгирию табобат барои бартараф намудани бемориҳо, кам гаштани беморшавӣ, нигоҳ доштани қобилияти кор пешомади калон дорад. Чунки Д. ба ташхиси аломатҳои аввалини беморӣ имкон медиҳад, алоқамандии байни пайдоиши нишонаҳои ибтидоии беморӣ ва шароити меҳнату маишат, инчунин ахлоқи одамро муайян месозад, тамоми воситаи заруриро барои шифо ёфтани беморон ба кор мебарад, тарзҳои таъсирбахши пешгирии бемориро дарёфт менамояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …