Главная / Гуногун / ДИНИ НАСРОНӢ

ДИНИ НАСРОНӢ

НАСРОНИЯТ яке аз динхои сернуфузи чахонӣ буда, пайравони зиёде дар хама гушаю канори дунё дорад. Пайдоишу пахншавии он хоси давраи муайяни таърихи буда, ба фаъолияти гуруххои мухталифи ичтимоӣ алокаманд аст.

Макони пайдоиши он музофотхои шаркии Империяи Рим аст. Империяи Рим аз Мисру Байнанахрайн сар карда, то сохилхои Испания ва Британияро дар итоати худ дошт. Ин давлати азим халкхои гуногунро бо хам омехта карда, аз бисёр чихат рохи таърихии канори Бахри Миёназаминро барои бисер асрхо дар ихтиёр дошт. Яке аз чихатхои мухими он синкретизм, омехташавӣ ва пайвастшавии унсурхои гуногуни кисми Шаркӣ бо чахонӣ Юнону Рим мебошад. Шаклхои гуногун, дарачахои мувофики инкшофи маданият, сохторхои иҷтимоӣ-иктисодӣ, низомхои сиёсӣ, динхои гуногун дар давлати бузург дар муносибати мураккаби бо хам алокаманд, ба худ кабул кардани чихатхои гуногуни якдигар ва хам инкори якдигар карор доштанд.

nasroni

Пайдоиши дини насронӣ дар Империяи Рим ба хамин давраи таърихӣ алоқаманд аст, дучори табаддулотхои бузурги таърихӣ гаштааст. Дар ин давра чумхурии Рим ба Империяи Рим табдил меёбад. Римро муборизаҳои Гуногуни сиёсӣ-иҷтимоӣ, шўриши деҳқонон бо сардории Спартак, диктатураҳои Юлий Цезар, Антоний фаро мегирад ва зинаи нави инкишофи давлат ба вуҷуд меояд, ки дар он муносибатҳои нави ҷамъияти пайдо шудаинкишоф меёбанд. Пайдоиши империя бештар ба давраи ҳукмронии Гай Юилй Цезар Октавиан ё худ император Август, ки ба Цезар сенат ин номро дода буд, рост меояд. Гай Юилй Цезар, дар соли 29 то мелодба ҷангҳои гражданӣ хотима дода, ба сари ҳкимияти меояд ва сулҳ дар Рим бар карор мегардад.

Август тамоми ҳокимияти давлатиро ба худ тобеъ сохта дар идоракунии давлат тағйироти ҷиддӣ ба амал меовард. Ба қавли муаррихи Рими қадим Тацит асоси тарғиботи давлатӣ ба тағйироти амиқ дучор гашта, аз қарорҳои дастоҷамъии пештара чизе боқӣ намемонад. Аз давраи Август сар карда, сохти ҷумҳуриявии давлат аз байн меравад. Ба ин тағйирот дигаргуниҳои иҷтимоӣ сабабгор мешаванд. Қувваҳое, ки ҷумҳуриро ба вуҷуд оварда буданд, нуфузу таъсири худро гум карда, мавқеашонро ба қуваҳои нав медиҳанд.

Зиддияти байни ғуломдорон ва ғуломон, байни сарватмандон ва шаҳрвандони озоди бечиз.ю байни шаҳрвандони баробарҳуқуқи Рим ва шаҳрвандони беҳуқуқи гирду атроф, зиддияти байни табақаҳои гуногун дар сенат ба шикасти тарзи ҳукмронии ҷумҳуриявӣ сабаб гаштанд. Дар роҳи инкишофи давлатӣ ва шакли ҳукмронӣ Август ин зиддиятҳоро ба назар мегирифт ва ба ташкили як тарзи ҳокимияти мутлақ асос гузошт. Таърихшиносии имрўза империяро ба ду давра тақсим мекунад-принципат ва доминат. Давраи аввал, ки аҳди Август низ ба он

дохил мешавад ва се аср тўл мекашад, даврае буд, ки ҳокимияти император ҳамчун ҳокими мутлақ бо либоси ҳукмронии ҷумҳуриявӣ пўшонида шуда буд ва минбаъд он ба доминат, шакли ошкорои ҳукмронии мутлақ меовард, як қатор тағйиротҳо дар муносибатҳои гуногуни ҳуқуқӣ, дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар афкори мардум вобаста ба шакли нави ҳукмронӣ ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла метавон як андоза зиёд шудани ҳуқуқи шаҳрвандони гўшаю атрофро номбар кард. Азбаски император ҳокими мутлақ гашт, муносибати омма низ ба вай дигар шуда, ба ў қувваи махсуси фавқуттабиатро нисбат медоданд. Ўро дар қатори худоён мепарастиданд.

Аз ҷумла дар асарҳои худ Вергилий Августро дар байни бурҷҳои осмон ҷой медиҳад ва мегўяд, ки Ақраб /номи бурҷ/ бояд он тарафтар равад, то ба бурҷи нав ҷой диҳад. Ҳуқуқи ноҳияҳои гўшаю атроф меафзояд, мавқеи лашкар ҳамчун қувваи иҷтимоӣ-сиёсӣ хеле мустаҳкам мешавад.

Ба зиддиятҳою муборизаҳою сиёсию дохилӣ нигоҳ накарда, сиёсати забткории империя давом мекунад, мамлакату сарзаминҳои нав ба империя тобеъ карда мешаванд ва ҳудуди он хеле васеъ мегардад. Дар давраи нисбат ба давраи ҷумҳурият ба ғуломон диққати бештар дода мешавад, масъалаи ғуломон масъалаи асосии империя мегардад. Ҳарчанд дар давраи авали империя шўришҳои калони ғуломон ба вуҷуд наомада бошад ҳам, зиддияти ғуломон хеле тезу тунд мегардад.

Истисмор ва беҳуқуқии ғуломон дучанд мешаванд. Агар пеш ба масъалаи гурехтан ва ё озодшавии онҳо давлат дахолат намекард, ҳоло баръакс, давлат бо тамоми қудрати худ манфиати ғуломдоронро ҳимоя карда, дар истисмор ва баргардондани онҳо ба ғуломдорон ёрӣ мерасонд. Масалан, қонун бароварда шуда буд, ки агар ғуломдор аз тарафи ғуломон кушта мешуд, дар ҳаққи тамоми ғуломони ин ғуломдор, хоҳ ба ба ин кор шари к бошад, хоҳ набошанд, ҳукми қатл содир мегадид. Барои мисол метавон гуфт, ки 400 ғуломи Педания Секунд /зану бачаҳояшон ҳам/ бо ҳамин ҷиноят кушта шуда буданд. Ин гуна ҳодисаҳо хеле зиёданд. Бисёр дигар қарорҳои давраи империя ҳам бар зидди ғуломон бо ҷазодиҳи онҳо дахл доштанд. Нигоҳ доштани лашкари зиёд, дастгоҳи васеи давлат бар дўши халқи меҳнатӣ афтода буд. Андозҳо рўз аз рўзафзун мегаштанд. Дигаргуниҳо ва тағиротҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ инъикоси худро дар ҳаёти маънавии мардум, ҷаҳонбинӣ, афкори онҳо низ ёфтанд.

Зиддиятҳои гуногуни иҷтимоӣ, душвориҳо, кулфату азобе, ки ба дўши халқи меҳнаткаш, ғуломон афтода буд, зулм ва истибдоди бехад нотавонию ноумедӣ оммаро побанди ҳар гунна ҳуруфот месохт, ҳатто намояндагони синфҳои дороро ҳам гирифтори худ мекардам.

Шакли нави давлат-мутлақият, ҷиҳатҳо ва масъалаҳои нави вобаста ба ғуломон ақидаҳо ва муносибати наверо дар масъалаи муносибати ҷамъият бо шахс ва шахс бо ҷамъият ба вуҷуд оварданд ва алоқаи пештараро аз байн бурданд. Меъёрҳои ахлоқии ҷамъияти, ки пеш буданд, меъёрҳои қадимаи ахлоқии неку бад ва ғайра, агарчи тамоман аз байн нарафта ҳам, ба тағйироти қадъӣ дучор гаштанд. Гурўҳҳои наве, ки дар идоракунии давлат иштирок мекарданд, дар сенат аз муҳофизакории пештара озод буданд. Ва ғайра аз ин чизпарастӣ, моҷароҷуӣ ва ғайра ба ҷузъи амали ин гурўҳи одамон табдил ёфта буданд.

Тағйироти фикрӣ, ахлоқӣ на танҳо дар байни аъзоёни сенат, балки дар дигар гурўҳҳои ҷамъиятӣ низ ба амал омад. Дар табақаҳои боло як навъ камбуди маънавӣ, холигӣ ва маҳдудият ҳис карда мешуд. Дар байни табақаҳои поёнии ҷамъият-ҳунармандон, аз ғуломӣ озодшудагон меъёрҳои дигари баҳодиҳии арзишҳои ахлоқӣ, динӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тавр дар байни ин гурўҳҳои ақидае пайдо мешавад, ки боигарӣ, нажод, мансаб наметавонад сабаби саодати он ҷаҳонӣ гардад, балки некўкорӣ ва камбағалӣ, раҳмдилӣ соддагӣ ва ғайра дар он ҷаҳон ҳаёти хушбахтонаро таъмин месозад.

Камбуди маънавӣ /холигии маънавӣ/ на танҳо дар ахлоқ, балки дар ин ҳам мушоҳида мегардад. Динҳои пештараи Рим тамоман беқурб шуда буданд. Дар натиҷа нуфузи таълимотхо ва равияҳои нави ғоявӣ, фаслафӣ дар Рим бештар гардиданд. Аз ҷумлаи онҳо таълимоти Сенека /стоисизм-равоқия/ ва Филони Алексадрӣ буд.

Ба ғайр аз ин нуфузи худоҳои дину эътиқоди Эрон-Митраизм, ва ғайра, ки дар империя хеле зиёд мешавад, ғояи тавҳид низ дар Рим маъмул мегардад. Ҳамин тавр дар империя Рим заминаҳои иҷтимоӣ, ғоявӣ барои дини тавҳид насронӣ пайдо шуд.

Минтақаи пайдоиши дини насронӣ музофоти Рим-Яҳудия дониста мешавад, ки дар арафаи солшумории мелодӣ маркази зиддиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардидааст. Аз соли 63 то мелод сарлашкар Комней Байтулмуқаддасро ишғол намуда, Яҳудияро тобеи Рим гардонид. Дар Яҳудия муборизаҳои сиёсӣ, ғоявӣ дар дохил авҷ мегиранд. Нависанда Иосиф Флавий се гурўҳи асосӣ: саддуқиён, фарисиён, эссениёнро ном бурдааст. Саддуқиён аз табақаи рўҳониён, ашрофони заминдор иборат буданд. Ва дар байни мардум таъсири зиёд надоштанд.

Фарисиён, ки аз табақаҳои гуногун иборат буданд, қувваи бузурги сиёсиро ташкил медоданд. Гурўҳи сеюм эссенҳо аз рўи аз рўи эътиқоди худ аз дини маъмули яҳудӣ фарқ мекарданд. Онҳо роҳи инкишофи манбаҳои таърихиро ба омадани Масеҳо вобаста медонистанд. Баъзе эссенҳо ба биёбон рўй оварда, зиндагии дарвешонаро пеш гирифта буданд. Ҳамин тавр баъд аз он ки Яҳудия ба Рим тобеъ карда мешавад, вазъияти мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ боз ҳам мураккабтар мегардад.

Қуллаи ин муборизаҳои сиёсӣ шўрише буд, ки барои пахш кардани он барои империяи Рим 7 сол лозим шудҲодисаи дар ин ҷо рух дода, ки дар назари мардум гўё, ки аз охири Дуне хабар медод, интизорӣ ба Масеҳо, ки бо ёрии он қувваи Римро шикаст додан мумкин аст, акидахои гуногуни бо хам ракобаткунандаро ба вучуд меоварданд. Як гурух дар назди кухи мукаддаси Горизия чамъ мешаванд.

Ба назди кух баъзехо бо силох меоянд. Прокарутари Яхудия Понтий Пилат аскар фиристода дар он ҷо чамъшудагонро кисман катл ва кисман пароканда месозад. Соли 1947 подабони чавон дар шимоли гарби Бахри Майит дастхатхои кадимаро пайдо намуд. Дуртар аз он дар 10 гори дигар низ дастхатхо ёфт шуданд. Аз мухтавои ин дастхатхо чунин чиз бармеояд, ки барои эссенҳо умумияти мехнат, умумияти мол хос аст. Онҳо нисбат ба молу мулк танаффур доштанд. Расму оинхои дини насроӣ – аз кабили гуслу таъмид дар чамоати Курмон дучор мегарданд. Ин бозёфтхо гувохӣ медиханд, ки акидахои ба дини насронӣ наздик дар ин махал вучуд доштааст.

Таъсири яхудият ба насроният ва умумияти онхо хеле зиёд аст. Китобхои мукаддаси пайғамбарон, бисер расму оинхо, унсурҳои таълимот барои хар ду дин умумӣ мебошанд. Насроният дар асри охир то мелод ва дар ибтидои солшумории мелодӣ дар Рим пахн мешавад.

Солшумории мелодӣ ибтидои худро аз таваллуди Исои Масеҳ мегирад. Аввалин насронихо гуломон ва камбагалон буданд. Дар ҷамъияти нассрониҳо ҳаввориён – шогирдони Исои Масеҳ рохбарӣ мекарданд, баъдтар аз дигар табакахои ичтимоӣ хам а афроде ба ин ҷамъият дохил мешаванд.

Минбаъд руҳониҳои касбӣ кашишхо, ускуфхо ба чамоатхои насронӣ  рохбарӣ менамоянд. Дар ибтидои асри IV хукумати императорӣ ба насроният таваҷҷуҳ зохир мекунад. Император Константин бо фармони худ дини насрониро дар аввал яке аз динхои империя ва баъдтар дини расмии он эълон мекунад.

Соли 325 анчумани умумии насронихо дар Никей даъват мешавад, ки шурои умумичахониро эълон менамояд. Насроният ба дигар кишварҳо, берун аз худуди империям Рим низ пахн гардида, нуфузи бузурге пайдо мекунад ва ба яке аз динхои умумиҷаҳонӣ табдил меёбад.

Аслҳои насроният дар эътиқодномае, ки дар соли 381 эълон шуда аз 12 асл иборат аст, муққадас шумурда мешаванд. 8 асли аввал ба ъэтиқод ба худои ягона даъват мекунад, худое, ки дар се маҳсар-худо-падар, худо-писар ва худо-рўҳ /рўҳ-л-қудс/ /таслис/ зоҳир мешавад. Падар – худо холиқи оламу одам, олами суварӣ ва ғайрисуварӣ ва худо-писар-Исои Масеҳ аст. Рўҳи муққадас чизест, ки аз Худо – падар сар мезанад. Таълимоти муҳим эътиқод ба сурати дигар зохир шудани Худост, мувофики он Исои Масеҳ аз Мариям мукаддас таваллуд мешавад. Мавкеи мухимро таълимот дар бораи омурзиш /омурзиши гуноххо/ ишгол мекунад. Исои Масеҳ худро барои омурзиши гунохи одамон курбон карда, рохи растакориро ба ҳар як фард нишон медихад.

Супориш ва саволхо.

  1. Оид ба дини Насронӣ ва Исо-пайғамбар чӣ хел маълумот доштед
  2. Маънои «Қодир»-ро чӣ тавр дарк мекунед?
  3. Чаро дини Насронӣ аввал дар байии ғуломону камбағалон паҳн гашт?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …