Главная / Гуногун / Давомнокии ҳаёти растаниҳо

Давомнокии ҳаёти растаниҳо

Растаниҳо аз ҷиҳати давомнокии ҳаёташон хеле гуногун мешаванд. Агар булут, арча ва баъзе растаниҳои дарахтӣ беш аз ҳазор сол умр бинанд, гандуми баҳорӣ, ҷавдор, сулӣ ва дигар растаниҳои ғалладонагӣ ҳамагӣ як сол умр мебинанд.

Баъзе гиёҳҳо ҳам, масалан, қоқу, ширбарояк, сапали шутур, газна, пудина ва ғайра солҳои бисёр умр мебинанд. Баргу пояи бештари ин растаниҳо то зимистон хушк шуда, баҳорон аз сари нав месабзанд. Зеро реша ё узвҳои дигари зерихокии муғҷадори ин растаниҳо зимистонро дар зери барф мегузаронанд. Баҳорон аз муғҷаҳо пояҳои нав мерӯянд.

davomnokii-umri-rasРастаниҳоеро, ки умри бисёр мебинанд, растаниҳои бисёрсола меноманд. Буттаву дарахтон, инчунин бисёр гиёҳҳои худрӯй ва кишоварзӣ бисёрсолаанд.

Дар байни растаниҳои алафӣ чунин растаниҳое ҳам ҳастанд, ки камтар аз як сол, ҳамагӣ як тобистон умр мебинанд. Масалан, шӯра, шаббӯй, шалғамча, арзан, марҷумак ва сулӣ баҳорон аз тухм руста гул мекунанд, меваю тухм мебанданд ва баъд хушк мешаванд. Онҳоро растаниҳои яксола меноманд.

Растаниҳои д у с о л а қариб ду сол месабзанд. Лаблабу, турб, сабзӣ, пиёз ва карам соли якум одатан фақат реша ронда, поя ва барг мебароранд. Соли дуюм бошад, онҳо навдаҳои нав мебароранд, гул мекунанд ва меваю тухм баста, тирамоҳ хушк мешаванд.

Дар баробари ин, баъзе растаниҳое ҳастанд, ки давомнокии ҳаёти онҳо хеле кӯтоҳ буда, ҳамагӣ якчанд моҳро дарбар мегирад. Онҳо аввали баҳор ба нашъунамо шурӯъ карда, гул мекунанд, мева Ҳосил намуда, то баҳори оянда дар ҳолати оромӣ қарор доранд. Ин қабил растаниҳоро ба гурӯҳи растаниҳои эфемерӣ (лолахасак, вазирак (сурепка) ва эфемероидӣ (бойчечак, лола) дохил мекунанд.

Ҳамин тавр, тирамоҳ мева ва тухми аксар растаниҳо, аз ҷумла растаниҳои бисёрсола ҳам мепазанд. Ранги барги бисёр буттаву дарахтон тағйир меёбад, сипас баргҳо мерезанд; айёми хазонрез фаро мерасад .

Дар ҳаёти растаниҳо ҳодисаҳои муайян (баргбарорӣ, гулшукуфт, мевабандӣ, хазонрез) ҳар сол такрор меёбанд. Ҳодисаҳои даврии ҳаёти ҳайвоноту растаниҳоро, ки махсусияти мавсимӣ доранд, як соҳаи биология  фенология меомӯзад. Доир ба ҳаётгузаронии ҳайвоноту набототи кишвар пайваста мушоҳидаи фенологӣ бурдан ба олимон имкон медиҳад, ки хусусиятҳои ҷолиби диққати инкишофи табиати зинда ва мӯдатҳои корҳои кишоварзиро муқаррар кунанд. Чунин мушоҳидаҳоро шумо ҳам ба ҷо оварда метавонед: мушоҳида бояд мунтазам бошад ва натиҷааш дар дафтари махсус навишта шавад.

  1. Кадом растаниҳо бисёрсола, яксола ва дусола номида мешаванд?
  2. Тирамоҳ дар ҳаёти растаниҳо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  3. Фенология чист?
  4. Кадом растаниҳо ба гуруҳи растаниҳои эфемерӣ ва эфе мероидӣ мансубанд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …