Пайғамбарон: – онҳо баргузида аз байни одамонанд; онҳо расонандагони донишҳо ба ҳамаи одамон аз ҷониби Худои Таъолоанд.
Пайғамбаронро воҷиб аст, ки ҳатман дорои сифатҳои зе–рин бошанд:
1 – Сиддиқ: Пайғамбарон дар ниҳояти андоза одамони ростгўй ва бовиҷдон мебошанд.
2 – Амонат: Пайғамбарон дар ҳамаи муносибатҳо боа–монатанд.
3 – Таблиғ: Пайғамбарон дар ҳаҷми пурра васиятҳо ва қонунҳои аз ҷониби Худои Таъоло фиристодашударо ба ода–мон мерасонанд.
4 – Фатонат: Пайғамбарон дорои ақли равшан ва хиради пешрафта мебошанд.
5 – Исмат: Пайғамбарон гуноҳ накунанд.
Миқдори пайғамбарон:
Пайғамбари нахустин – Одам-пайғамбар, алайҳи-с-са–лом, пайғамбари охирин – Муҳаммад-пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, мебошанд. Дар байни онҳо пайғам–барони бисёр буданд. Ҳамаи пайғамбарон одамонро танҳо ба имон овардан ба Худои Якто ва танҳо ба Ўро парастидан даъват намудаанд. Одатан баъди рафтани пайғамбар ода–мон ба парстидани маъбудҳои дигар оғоз мекарданд, он вақт Худои Таъоло ба онҳо пайғамбари навро мефиристод.
Пайғамбароне, ки номи онҳо дар Қуръони карим ёд карда шудааст: Онҳо 25-тоанд.
МЎЪҶИЗА – маънои падидаи фавқулодда, каромотро до–рад. Онро пайғамбарон, алайҳиму-с-салом, бо иродат ва да–лолати қудрати Худои Таъоло барои тасдиқ намудани пай-ғамбарии худ нишон додаанд. Худи одамон бе мадади Худо ба нишон додани чунин корҳо қодир нестанд.