Главная / Илм / Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале аз он майда мебошад. Миёнаҷойи гули он зард аст ва дар атрофи ин баргҳои сафеди гулаш чун парра чида шудаанд.   Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

bouna

  Хислатҳои шифобахши он: гулашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, узвҳои сахтро мулоим мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, майна ва асабҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро меафзояд, бар муқобили заҳрҳо тарёқ мебошад; арақ, шир, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бемориҳои вобаста ба майна ва дарди сар дору мешавад, назлаҳоро манъ менамояд, бақияи дарди чашм ва боди даруни гӯшро таҳлил медиҳад, иллатҳои дамкӯтаҳӣ ва зардпарвинро дафъ месозад; мондагӣ, дарди узвҳои даруни сина, дарди ҷигар, дарди шикам, дарди мақъад ва дарди бачадонро таскин медиҳад, инчунин варамҳои ин узвҳоро ба таҳлил мебарад ва мегардонад, илова бар ин варами хояҳо ва дигар аъзоро таҳлил медиҳад ва баданро аз ахлоти мурдор пок месозад. Агар дар обе,

ки гули ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, то ноф бардавом даромада нишинанд, низ бемориҳои мазкурро нафъ дорад.   Инро бихоянд, ҷӯшиш ва пухтани даҳанро шифо мебахшад.

  Хушки инро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд, аз кушода шудани носури чашм обравии онро ислоҳ мекунад.   Бо обе, ки дар он гули бобуна чӯшонида шуда бошад, чашмро бишӯянд, дарди онро сиҳат мекунад.

  Агар инро бисӯзанд, аз дуди он ҷонварони зарарнок мегурезанд дур мешаванд.   Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 15 грамм аст. Ба ҷойи ин гули бобунаи говчашм, бӯймодарони маҳинбар ва бӯймодарони дуруштбаргро истифода баранд, равост.

  Лекин истеъмоли бобуна ба дарун ба ҳалқ зарар дорад барои ислоҳи ин асал бояд бихӯранд.   Мизоҷи решаи бобуна гармтар ва хушктар, дар давогӣ ҳам аз гули он қавитар мебошад.   4,5 грамм решаи инро кӯфта, бо шароб ва асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) хеле бармеангезад.

  Аз бобуна равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 100 грамм гули бобунаро дар 400 грамм равғани кунҷид дар шиша карда, ба офтоб мегузоранд, баъд аз як ҳафта, он гулро фишурда, дур карда, гули нав меандозанд ва инак, то се-чор маротиба гулро иваз мекунанду баъд равғанро соф карда мегиранд.

  Тариқи дигари гирифтани равғани бобуна чунин аст. Дар таносуби 100 грамм гули бобуна дар 400 грамм об ҷӯш дода, баъд аз болояш равғани кунҷид рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ва агар дар ин амал гули хушки онро кор фармуданӣ бошанд, ним баробари вазни гули тараш бигиранд. Ҳамон тавр дар об чӯшонанду баъд бимоланд, сонӣ аз матоъи бофташ зич гузаронида соф намоянд. Аз болояш чор баробари вазни гули бобуна равгани кунҷид андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухбр шуда раваду равған бимонад. Аломати тамом шудани об аз ҷӯш мондани он аст.

  Мизоҷи ин равған дар дараҷаи дувум гарм ва дар аввали дараҷаи дувум хушк аст;

  Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимоланд, варамҳои сард ва мураккабро тахдил медиҳад, рутубатҳоро хушк мекунад, ларзондани вараҷаи савдовӣ ва балғамиро манъ месозад, арақ меоварад, мондагиро бармеоварад; агар масомҳо аз таъсири сармо банд шуда бошанд, мекушояд, беҳаракат мондаии узвро ба ибро меоварад, бодҳои дар узвҳо бандшударо таҳлил медиҳад, яъне пароканда мекунад, дарди буғумҳо ва дарди миёнро таскин медиҳад, инчунин ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо аст, шифо мебахшад.

  Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …