БАВОСИР (Haemorrhoё), геморрой, ба таври уқдашакл дар қисми мақъад васеъ гаштани сиёҳраги рӯдаи рост. Б. берунӣ ва дарунӣ мешавад. Ҳангоми Б.-и берунӣ сиёҳраги берунии рӯдаи рост васеъ шуда, уқдаҳои он берун мебароянд. Дар мавриди Б.-и дарунӣ сиёҳраги дарунӣ васеъ шуда, уқдаҳои он бевосита дар даруни рӯдаи рост ҷойгир мешаванд.
Шах шудани хун дар сиёҳраги коси хурд ва рӯдаи рост (қабзияти музмин, дуру дароз нишастан, омоси кос дар занҳо, ҳомилагӣ), инчунин сустии модарзодии девораи сиёҳраг боиси инкишофи Б. мегардад. Б. тадриҷан инкишоф меёбад. Дар натиҷаи Б. аввал эҳсоси нофорам, хориш ва дарди мақъад пайдо шуда, ин ҳиссиёт баъди нӯшидани арақ, баъзан пас аз кори ҷисмонӣ, афзунтар мегардад. Минбаъд аз уқдаҳо хун меравад (дар наҷосати бемор хун пайдо мешавад). Ҳангоми руст шудани роҳи хунгард ва газак гирифтани уқдаҳо дарди шадид ва қабзият пайдо шуда, бемор таб мекунад. Агар Б.-ро муолиҷа накунанд, газак ба насҷи атрофи мақъад мегузарад (ниг. Парапроктит). Б. ба таври музмин давом мекунад, аммо ҳар сари чанд вақт авҷ мегирад. Дар фосилаи байни хуруҷҳои беморӣ шахс худро солим ҳис мекунад. Баробари авҷ гирифтани беморӣ фосилаи байни хуруҷи он кӯтоҳтар шуда, хунравӣ меафзояд. Дар мавриди фуруди уқдаҳои дарунии Б. бемор дарди сахтро ҳис мекунад; уқдаҳо варам карда, кабудтоб ё сиёҳча мешаванд.
Ҳангоми сӯзиши мақъад, эҳсоси ногуворӣ дар вақти қазои ҳоҷат, хунолуд шудани наҷосат ё пайдоиши уқдаҳои Б. ба духтур муроҷиат кардан лозим. Беморони гирифтори Б. бояд таҳти назорати ҷарроҳ бошанд. Кӯшиши зер карда даровардани ғуддаҳо ҷоиз нест, зеро ин амал метавонад боиси хунравии зиёд ё оризаҳои дигари ҷиддӣ гардад.
Бо мақсади ташхиси Б. аз усули ректоромоноскопия истифода мекунанд. Илова бар ин духтур бояд беморро дақиқ муоина намояд, то ки бемориҳои парапроктит, полипҳо, саратони рӯдаи рост, кафидагии мақъад ва ғ. сарфи назар карда шаванд.
Б.-ро ҷарроҳ муолиҷа мекунад. Самараи табобат аз дараҷаи инкишофи беморӣ, саривақт ба духтур муроҷиат кардан ва иҷрои маслиҳати ӯ вобаста аст. Риояи парҳез, истеъмоли сабзавоту мева, худдорӣ аз истеъмоли шароб, хӯроки сахт ва тунду тез ба ҷараёни табобат кумак мерасонад.
Дар мавриди Б.-и шадиди берунӣ обзани гарм, марҳами анестезинӣ ё гепаринӣ нафъ дорад. Ҳангоми хуншории рӯдаи рост аз шамъакҳои адреналинӣ истифода карда мешавад. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани чунин тарзи табобат беморро дар статсионар бистарӣ карда, ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд.
Пешгирӣ: рафъи қабзият; кӯдаконро аз хурдсолӣ ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ одат кунондан зарур аст. Шахсоне, ки рӯзи дароз рост истода ё нишаста кор мекунанд, бояд дар давоми кор ду маротиба бо варзиш (гимнастика) машғул шаванд (баъд аз се соати сар шудани кор, бори дуюм баъд аз ду-дуним соат).
А.Н. Қаҳҳоров.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …