Замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “28” июли соли 2017, № 357
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омўзгор нақши муайянкунанда дорад.
- Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд – Барнома) бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудааст.
- Барнома ҳуҷҷати инъикоскунандаи вазъи муосири системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф буда, самтҳои асосии рушди системаи такмили ихтисосро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам, дастовардҳо, ҳамчунин эҳтиёҷ ва талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ вобастаанд, муайян мекунад. Маҷмўи тадбирҳо вобаста ба рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф дар асоси банақшагирӣ ва татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф таҳия гаштааст. Санҷиш ва мониторинги таҳлилии гузаронидашуда муайян намуд, ки дар системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф бояд муносибатҳои нави ҷавобгў ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шаванд.
- Такмили ихтисос ҷараёни доимии сайқал додани маҳорати касбии омўзгор бо роҳи худомўзӣ, иштирок дар кори иттиҳодияҳои методӣ, конфронсу семинарҳои омўзишӣ, омўхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос мебошад.
- Бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф таҳсилоти иловагии баъдидипломӣ буда, бо мақсади ба тахассуси нави педагогӣ мутобиқгардонии корманди соҳаи маориф ташкил карда мешавад.
2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
- Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақсимоти маъмурию ҳудудӣ такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти муассисаҳои такмили ихтисос мебошад. Тартиби гузариш аз такмили ихтисос дар 5 сол як маротиба муқаррар шудааст. Шакл ва давомнокии такмили ихтисос ва бозомўзиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Низоми маблағгузории системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” муайян карда мешавад.
- Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф аз рўйи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ дар муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” ва филиалҳои он дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба амал бароварда мешавад. Омўзгорону сарварони муассисаҳои таълимӣ, мудирони кабинетҳои методӣ, нозирон, мушовирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, омўзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти махсус, сарварону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омўзгорону кормандони дигари соҳаи маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” ва дигар муассисаҳои такмили ихтисос аз такмили ихтисос ва бозомўзӣ мегузаранд.
- Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар давраи гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба шунавандагон маблағи хароҷоти нақлиёт, ккрояи манзили истиқомат (аз рўйи зарурат) ва хароҷоти шабонарўзӣ бо тартиби муқаррарнамуда мувофиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 “Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 31 январи соли 2015, № 38 “Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардида пардохт карда мешавад. Дар давраи аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи маориф музди меҳнат ва ҷойи кори онҳо нигоҳ дошта мешавад.
- Аз рўйи натиҷаи аттестатсия ба шунавандагони курси такмили ихтисос шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дода мешавад. Ба шунавандагони курси бозомўзӣ бо қарори комиссияи аттестатсионӣ дипломи намунаи давлатӣ дода мешавад.
- Такмили ихтисос аз рўйи низоми ягона амалӣ карда мешавад. Сиёсати давлатӣ оид ба системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба муассисаҳои татбиқкунандаи барномаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф иҷозатномаи фаъолият дода, аз аккредитатсияи давлатӣ мегузаронад. Барномаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
- Мутобиқи талаботи тақсимоти ваколатҳо дар сохтори мақомоти маҳалии маориф кабинетҳои методӣ фаъолият мекунанд. Вазифаи кабинетҳои методӣ аз расонидани кумаки методӣ ба омўзгорон ва директорони муассисаҳои тақсилоти миёнаи умумӣ дар фосилаи байни курсҳои такмили ихтисос, дастгирии омўзгорони ҷавон ва ҳавасмандгардонии рушди малакаҳои касбии омўзгорон тавассути гузаронидани шўроҳои методӣ, озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва ташкили таҷрибаомўзии омўзгорони муассисаҳои таълимӣ мебошад.
- Омўзгорони ҷавоне, ки таҷрибаи кориашон аз 3 сол зиёд нест, аз рўйи меъёри роҳнамои малакаи касбии худро такмил медиҳанд. Роҳнамо аз ҷумлаи омўзгорони таҷрибадор дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи директори муассисаи таълимӣ ба омўзгори ҷавон вобаста карда мешавад. Вазифаи роҳнамо аз дастгирии методию машваратӣ ва кумак расонидан дар таҳияи маводи таълимию методӣ иборат мебошад.
- Директори муассисаи таълимӣ нақшаи тақвимӣ ва дурнамои такмили ихтисосро (барои 1 сол ва 5 сол) дар мувофиқа бо кабинетҳои методӣ таҳия намуда, ба муассисаи такмили ихтисос пешниҳод менамояд. Дар асоси ин маълумот донишкадаи ҷумҳуриявӣ нақшаи тақвимӣ ва дурнамои курсҳои такмили ихтисосро (барои 1 сол ва 5 сол) тартиб дода, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Инчунин дар асоси нн маълумот аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида маблағгузории хароҷоти аз курси такмили ихтисос гузаштани омўзгорон ба нақша гирифта мешавад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
- Мақсади амалисозии Барнома аз такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгў ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ, татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маориф, ки ба такмили доимии касбу неруи зеҳнии худ кўшиш мекунанд, иборат мебошад.
- Вазифаҳои Барнома:
– гузаштан ба низоми нави такмили ихтисос;
– ташкили системаи мутамаркази такмили ихтисос, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа;
– ҷорӣ намудани системаи модулию кредитии такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
– истифодаи барномаҳои таълимии алтернативии ба дархосту сатҳи омодагии шунавандагон мувофиқ;
– ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани мазмун ва мундариҷаи такмили ихтисос;
– ҷорӣ намудани низоми идоракунии автоматикунонидашуда ва нуқтаҳои электронии иттилоотӣ;
– мукаммал намудани пояи моддию техникӣ, иттилоотӣ, таълимию методӣ ва кадрӣ дар низоми такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
– ҷорӣ намудани меъёри талаботи давлатӣ ба барномаҳои такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф;
– тадриҷан гузаштан ба шакли фосилавии такмили ихтисос;
– коркарди шаклҳои рақобатпазири такмили ихтисос бо мақсади таъмини таҳсилоти босифат;
– тавассути системаи сезинагии такмили ихтисос (минтақавӣ, маҳаллӣ ва муассисаи таълимӣ) ташаккул додани шаклҳои мухталифи дастгирӣ дар рушд ва инкишофи малакаи касбии омўзгор;
– густариш додани корҳои илмию таҳқиқотӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои самараноки баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф;
– мувофиқ намудани мазмуни такмили ихтисос ба стандартҳо ва технологияи навини таҳсилот;
– бо дарназардошти такмили маҳорати касбӣ аз аттестатсия гузаронидани омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади ба онҳо додани дараҷаи олии тахассусӣ.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар амалигардонии Барнома масъул аст. Ҳамасола то 20-уми январ Вазорати маориф ва илм ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома ҳисобот пешниҳод менамояд.
4. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
- Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф пешниҳодшуда, маблағҳои махсус ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, амалӣ карда мешавад.
- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур метавонанд маблағҳои хайриявӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳо ҷалб карда шаванд.
- Маблағгузории Барнома ҳамасола дар доираи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ таҳия карда мешавад.
- Механизми нави иқтисодии фаъолияти системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ тавассути амалишавӣ, гузаронидани мониторинги сифат ва натиҷагирӣ ҷорӣ карда мешавад.
- Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ маблағҳои бо ин мақсад пешбинишударо дар доираи чорабиниҳои Барнома истифода мебаранд.
5. НАТИҶАҲОИ НИҲОӢ АЗ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА
- То соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф ба талаботи давлатӣ ва таҳсилоти ҷаҳонӣ ҷавобгў мегардад.
- Системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф ба низоми нави такмили ихтисос мегузарад. Кормандони соҳаи маориф имконият пайдо мекунанд, ки вобаста ба талабот ва сатҳи тахассусӣ барномаҳои таълимиро интихоб намоянд. Аз худ намудани барномаҳои такмили ихтисос дар шакли фосилавӣ имконпазир мегардад. Барномаҳои такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ дар асоси принсипи модулию мутобиқат амалӣ гашта, зудтағйирёбанда ва ба таҷриба нигаронида мешаванд.
- Кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо ва иттиҳоддяҳои фаннии муассисаҳо тавассути мониторинг мунтазам дастгирии методии омўзгоронро ба роҳ мемонанд.
- Системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф дар доираи супориши давлатӣ фаъолият менамояд.
- Системаи баландбардории маҳорати касбии кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ мунтазам амал намуда, аз аттестатсияи даврагӣ гузаронида мешавад, ки он барои ташаккул додани ҳайати муосири кормандони педагогии системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ имконият медиҳад.
- Дар муассисаҳои такмили ихтисос, кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳои методии электронӣ ташкил мешаванд, ки дастрасии омўзгорон ва кадрҳои роҳбарикунандаи системаи таҳсилотро ба воситаҳои методии муосир таъмин менамоянд.
- Шабакаи ягонаи электронии идоракунии бахши такмили ихтисос ҷорӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “28” июли соли 2017, № 357
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
№
|
Номгӯи чорабиниҳо
|
Муҳлат
|
Маблағгузории Барнома | Масъул
|
||
Маблағҳои махсус | Манбаъҳои ғайрибуҷетӣ | |||||
1, | Ҷорӣ намудани низоми ягонаю мутамаркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ | 2018 | 25 000 | Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо | ||
2 | Ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннӣ дар муассисаҳои такмили ихтисос | 2018-2022 | 500 000 | 1000 000 | Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ | |
3. | Тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ дар дохил ва хориҷи кишвар барои муассисаҳои такмили ихтисос | мунтазам | Вазорати маориф ва илм | |||
4. | Андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пурра ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорону кормандони зинаҳои таҳсилоти умумӣ | мунтазам | 800 000 | Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ | ||
5. | Ҷалби ҳатмии омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти хусусӣ, махсус ва дигар навъи муассисаҳо ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ | мунтазам | Вазорати маориф ва илм | |||
6. | Ташкил ва гузаронидани курсҳои доимамалкунанда барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати омӯзонидани усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотию таълимӣ | мунтазам | Вазорати маориф ва илм | |||
7: | Бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовару эҷодкор коркард ва пешниҳодҳои технологияи нави таълимӣ вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф | мунтазам | Вазорати маориф ва илм | |||
8. | Такмили заминаи моддию техникӣ ва ба шабакаи интернет пайваст намудани муассисаҳои такмили ихтисос | 2018-2019 | Вазорати маориф ва илм | |||
9. | Таҳияи барномаҳо, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар системаи такмили ихтисос | 2018-2019 | Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо | |||
10. | Ташкили китобхонаҳои электронӣ ва ғанӣ гардонидани фонди захиравии онҳо бо мавода таълимӣ, методӣ ва илмию бадеӣ дар муассисаҳои такмили ихтисос | 2018-2022 | 400 000 | Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ | ||
11. | Доир намудани озмунҳо, тартиби таҷрибаи пешқадам, семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои илмию амалӣ ва симпозиумҳо | 2018-2022 | Вазорати маориф ва илм | |||
Ҳамагӣ: | 525 000 | 2 200 000 | ||||
|