Главная / Илм / БАЛНЕОЛОГИЯ

БАЛНЕОЛОГИЯ

balneologiiaБАЛНЕОЛОГИЯ (аз лот. balneum – ҳаммом, оббозӣ ва …логия), як соҳаи илми тиб, ки обҳои шифобахш, обшифоӣ ва таъсири обро ба организми одам меомӯзад. Б. аз бахшҳои гуногун таркиб ёфтааст, мас., балнеография (тавсифи курортҳо), балнеотерапия (муолиҷа бо оби минералӣ), балнеохимия (тадқиқи хосиятҳои химиявии обҳои минералӣ), балнеотехника (ҳифзи оби минералӣ ва истифодаи босамари он).
Об, ҳамчун манбаи ҳаёт, ҳамеша бо тамаддуни инсоният алоқаи ногусастанӣ дошт. Одамон ба оби рӯҳафзои дарёву чашма аз қадимулайём таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд, хусусияти шифобахшии обҳоро медонистанд ва истифода мебурданд.
Дар оғози тамаддуни аврупоӣ таҷҳизоти шустушӯй ва оббозӣ хеле сода буданд. Бинобар кам будани об онро сарфа мекарданд. Одамон асосан аз обзан ва душҳои хунук истифода мебурданд. Афлотун дар тавсифи давлати идеалии худ обзанҳои гармро фақат барои пиронсолон ва маризон иҷозат дода буд. Асри 5 то м. дар ҳудуди вулқонҳои Юнон ва ҷазираҳои ҳамшафати он истифодаи обзанҳои минералии гарм расм гашт. Бисёр чашмаҳои шифобахш муқаддас дониста мешуданд.
Сокинони Рим дар баҳр ё дарёи Тибр оббозӣ мекарданд. Одамони сарватманд дар хонаҳои худ ҷойҳои махсуси оббозӣ бунёд менамуданд; барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ҳаммомҳои умумӣ сохта шуда буданд. Табобат бо обҳои шифобахш ба ҷузъи таркибии зиндагии римиён табдил ёфт. Оби гарме, ки аз кӯҳу дара фаввора зада мебаромад, бо мақсади рафъ намудани бисёр бемориҳо истифода мешуд.
Дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна шустушӯ дар ҳаммом одати маъмулӣ буд. Одамони сарватманд ҳатто ваннаҳои чӯбини худро ба уштурҳо бор карда ба сафар мебаромаданд. Ҷанговарон барои оббозӣ чоҳ кофта, онро тахтабандӣ мекарданд; чунин чоҳҳо бо оби гарм пур карда мешуданд.
Сарзамини Осиёи Марказӣ низ бо чашмаю обҳои шифобахши худ шӯҳрати беандоза дорад. Фақат дар қаламрави як худи Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳои шифобахши обашон хунук ва гарм мавҷуданд.
Абӯалии Сино дар «Ал-Қонун» оид ба аҳамияти гармоба кардан ва баёни гармобаҳо мегӯяд: «Ҳар кас, ки фарбеҳӣ бихоҳад, бояд баъд аз таом гармоба биравад… Агар касе ҳалшавию лоғар шудан бихоҳад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад… Бояд аз якбора берун шудан аз гармоба ва баъди он сарро бараҳна ва танро андар маърази сардӣ гузоштан эҳтиёт шуд, балки агар айёми зимистон бошад, бояд ҳангоми беруноӣ аз гармоба бо ҷомаҳои гарм худро бипечид. Касоне, ки ба ҳоли табанд ва ё касоне, ки ба гусастагии пайвастагӣ ва омос гирифторанд, бояд аз гармоба парҳез кунанд…»
Абӯалии Сино дар ҷои дигар роҷеъ ба шустушӯ бо оби сард гуфтааст: «(Оби сард) касеро хуб аст, ки тадбираш аз ҳама ҷиҳат ба ҷой бошад. Син, қувват, гармӣ ва фасли он ҳама созгор буда, ба хомии ғизо, қай, исҳол, бехобӣ ва назлаҳо гирифтор набошад… (Оби сард)-ро гоҳе аз барои қавӣ гардонидани пӯст ва нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм ба кор баранд. Агар чунин хоста бошанд, об набояд сахт сард, балки миёна бошад…»
Тадқиқи обҳои шифобахши Тоҷикистон таърихи дерина дорад. С. 518 сайёҳони чинӣ Хой-Сэн ва Сун-Юн, баъдтар Хюэн-Сен (с. 664) аз Помир дидан карда, дар бораи обҳои минералии он маълумот медиҳанд. С. 1272 Марко Поло ва с. 1602 Петер Бенедикт Гоес ба Помир омада, дар баробари олами ҳайвоноту наботот макони обҳои шифобахш будани ин сарзаминро қайд кардаанд. Дар тадқиқоти минбаъдаи балнеологии қаламрави Тоҷикистон Б.А. Федченко, Н.И. Берёзкин, Е.Г. Андреев, К.П. Арихбаев, М.В. Лавров, Г.И. Жуков, Е.Т. Исоева, П.Т. Зоиров, И.О. Қосимов ва диг. саҳми назаррас гузоштаанд. Ниг. низ Балнеотерапия, Обҳои минералӣ, Гидротерапия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …