Главная / Ҷуғрофия / БАЛАНДИИ НИСБӢ ВА МУТЛАҚ

БАЛАНДИИ НИСБӢ ВА МУТЛАҚ

Баландии нисбӣ ва муайян кардани oн. Ба харитаи табии нимкураҳо назар андозем, рангхои гуногуниро мушоҳида мекунем. Oн рангҳо ноҳамворихои сатҳп Заминро ншион мсдиҳанд, ки онро дар географияи табиӣ релеф меноманд. Он аз пастӣ, ҳамворӣ, водӣ, теппаҳо ва кӯҳҳо иборат мебошад (Аз ҷадвали баландии қисми поёнии харита нишон диҳед, ки ин намудҳои релеф дар харита бо кадом рангҳо ифода карда шудаанд?).

ченкунии  баландиОнҳо ба худ хос баландӣ доранд. Баландӣ нисбӣ ва мутлақ мешавад. Фарқияти баландии як нуқтаи сатҳи Заминро аз дигараш баландии нисбӣ меноманд. Онро дар маҳал ба воситаи нивелирӣ мактабӣ муайян мекунанд. Масалан, ба мо лозим аст, ки дар маҳал баландии теппаро муайян кунсм. Барои ин амалро иҷро кардан ду хонанда ипггирок мекунанд. Яке аз онҳо нивелирро дар доманаи теппа гузошта, амудӣ будани онро аниқ менамояд. Баъд ба воситаи нишонгираки нивелир нуқтаи нишон мегирифтагиро муайян мекунад. Хонандаи дигар ба он нуқтаи нишонгирифта мех мекӯбад. Ҳамии тавр, баландии теппаро аз домана то қулла чен мекунанд. Агар баландии нивелир I метр, баландии теппа 6 метр бошад, дар он сурат аз доманаи телпа то қуллаи oн хонандатон ҷои якдигарро 5 маротиба иваз мекунанд ва баландии нисбпп онро муайяп менамоянд.

Баланлии мутлақ ва муайян кардани он. Ба мо маълум аст, ки қисмҳои алоҳидаи сатҳи хушкӣ аз сатҳи баҳр ва уқёнус дар баландиҳои гуногун воқеъ гардидаанд. Ҳар яки онхо (ҳамворӣ, теппа, паҳнкӯҳ, қаторкӯҳ ва ғайра) дорои баландии нисбӣ ва мутлақ мебошанд. Агар баландии нисбиро аз рӯи баландии як нуқтаи сатҳи хушкӣ нисбат ба нуқтаи дигари он муайян кунанд, баландии мутлақро аз сатҳи миёнаи оби баҳр ва уқёнус муайян менамоянд. Бинобар ин баландии нуқтаи сатҳи Заминро, ки мувофиқи нишебӣ аз сатҳи баҳр (дар илми топография он ба 0 баробар асг) ҳисоб карда мешавад, баландии мутлақ меноманд.

Дар ҷумхурии мо баландии мутлақи сатҳи Замин аз сатҳи Баҳри Балтика ҳисоб карда мешавад. Онро дар нақшаи маҳал ва харитаи табий бо нуқта ифода карда, бузургии баландиро аз сатҳи баҳр бо метр нишон медеханд. Масалан, баландии мутлақи ағбаи Анзоб аз сатҳи баҳр 3372 метр, қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метрро ташкил медиҳад.

Тасвири ноҳамвориҳои сатҳи Замин (релеф) бо хатҳои Уфуқӣ. Сатҳи Замин ноҳамвор аст. Як маҳал аз маҳали дигар бо пастӣ ва баландии худ фарқ мекунад. Барои дар нақша ва харитаи табиӣ тасвир кардани онхо аз хатҳои уфуқӣ истифода мебаранд.

Ҳар як хати уфуқӣ нуқтаҳои баландии мутлақашон якхеларо бо ҳам пайваст менамояд. Ҳамин тавр, xaтеpo, ки баландиҳои мутлақи (аз сатҳи баҳр) якхеларо бо ҳам пайваст мекунад, хати уфуқ меноманд. Агар ноҳамвории (релефи) сатҳи Замин гуногун (аз ҷиҳати баландӣ) бошад. Дар нақша ва харитаи табиӣ хатҳои уфуқӣ бештар кашида мешаванд. Тарзи кашидани хатҳои уфуқӣ дар расми 15 тасвир ёфтааст. Дар он намуди зохирии Ҷазираи Линколн ва нақшаи онро мебинем. Агар ба намуди зоҳирии ҷазира назар андозем, мебинем, ки хати уфукӣ аз соҳили он кашида шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки соҳили ҷазира ва сатҳи баҳр як хел баландии мутлақ доранд ва он бо 0 ифода шудааст. Дигар хатҳои уфукй (20, 40, 60 80..-) аз якдигар дар масофаи 20 метр кашида шудаанд. Ҳар яки онҳо баландии мутлақи нуқтаи муайяни маҳалро ифода мекунанд. Бинобар ин дар нақша барои фарқ кардани баландии мутлақи якхела дар назди ҳар як хати уфуқӣ баландии мутлақи он бо адад ифода карда шудааст (Аз расми 15 он ададҳоро нишон диҳед).

Дар нақша мо инчунин аз рӯи ба ҳам наздик ва ё дур ҷойгир шудани хатҳои уфуқй нишебй ва моилии маҳалро муайян мскунем. Ба ҳам наздик воқеъ гардидани хатҳои уфуқӣ гувоҳӣ медиҳад, ки релефи он қисми маҳал ниҳоят нишеб аст. Дар як қисми нақшае, ки хатҳои уфуқӣ аз якдигар дур кашида шудаанд, моил будани релефро нишон медиҳанд. Хатчаҳое, ки ба ҳар як хати уфуқӣ ба таври амудӣ кашида шудаанд, ба кадом самт паст шуда рафтани релефи маҳалро нишон медиҳанд.

Ҳамин тавр, дар нақша ва харитаи табиӣ ноҳамвориҳои сатҳи Замин ба воситаи хатҳои уфукӣ нишон дода мешаванд. Аз ҳамин сабаб мутахассисон (геологҳо, роҳсозон, бинокорон, нақбканҳо ва ғайра) дар фаъолияти худ аз нақшаҳои топографӣ ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Савол ва супориш

  1. Баландии нисбӣ чист?
  2. Баландии мутлақ ва нисбӣ аз якдигар чӣ фарқ доранд?
  3. Хатҳои уфуқӣ барои чӣ лозиманд?
  4. Дар нақша ба ҳам наздик ва аз ҳамдигар дур кашида шудани хатҳои уфуқӣ чй маъно дорад ва чиро ифода мекунад?
  5. Аз нақшаҳои топографӣ кадом мутахассисон бсштар истифода мебаранд?
  6. Аз рӯи нақшаи Ҷазираи Линколн нишебӣ ва моилии маҳалро муайян кунед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …