АУТИЗМ (Autismus), як гурӯҳи бемориҳост, ки дар мавриди онҳо ташаккули малакаҳои нутқ ба таъхир афтода, дар муносибати мариз ба дигарон ноҷуриҳо пайдо мешаванд. А. ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Чунин кӯдаконро дар ҳама ҷо – аз боғча то мактабу коллеҷҳо – пайдо кардан мумкин аст. Кӯдакони гирифтори А. дар муносибат ба дигарон ва мутобиқати иҷтимоӣ душворӣ мекашанд, мӯҳтоҷи дастгирии махсус мебошанд. Чунин кӯдакон ба назари дигарон эрка, зудранҷ, бетарбия ва нозуктабъ менамоянд. Аз ин рӯ, онҳо беасос танбеҳ мегиранд, гап мешунаванд ва дар натиҷа маҷбур мешаванд муқобили ҷамъият амал намоянд, ба касе наздикӣ ва дӯстӣ накунанд. Саривақт ташхис кардани А. аз нигоҳи тиббӣ хеле муҳим аст.
Бисёр олимони соҳа бар ақидаеанд, ки А.-и кӯдакон бинобар иллати силсилаи асабҳои марказӣ рух менамояд. Аз нигоҳи клиникӣ чунин кӯдаконро метавон ба 4 гурӯҳи рафтору кирдорашон мутлақо гуногун ҷудо кард: 1) кӯдаконе, ки нисбати ҳама чиз бетаваҷҷӯҳанд; 2) кӯдаконе, ки олами атрофро намехоҳанд дарк бикунанд; 3) кӯдаконе, ки ғарқи дунёи хеш мебошанд; 4) кӯдаконе, ки ба дили онҳо роҳ ёфтан осон нест.
Кӯдакони мутааллиқ ба гурӯҳи аввал аз хурдӣ диққати дигаронро бо нигоҳи «маънидор» ва «зиракона»-и худ ҷалб мекунанд. Онҳо оромтабиат ва қобил мебошанд. Чунин кӯдаконро метавон соатҳо дар гаҳвора танҳо гузошт. Вале дар баробари ин онҳо одати тарсончакӣ доранд, аз садоҳои гуногун, мас., овози чангкашак, ришгирак, шақшақа ва бозичаҳои дигар метарсанд. Бозича барои онҳо ҷолиб нест, аммо китоб ва садои мусиқиро меписанданд. Дар зиндагӣ чунин кӯдакон барои волидон дарди сар намешаванд.
Кӯдакони мансуб ба гурӯҳи дуюм нисбатан фаъол буда, модари худро аз хурдӣ дар байни дигарон мешиносанд, намехоҳанд, ки ӯ аз бари онҳо дур шавад. Истеъмоли ғизоҳои дилкашро меписанданд, аз гум кардани ягон чизи худ дарғазаб мешаванд. Онҳо ҳанӯз яксола нашуда ранги кубикҳоро фарқ карда метавонанд, ҳарфҳоро нишон медиҳанд. Одати тарсончакӣ дошта, аз овози баланд, оббозӣ, гирифтани муйсар ва нохунҳо метарсанд. Нутқи ин гуна кӯдакон ташаккул наёфтааст.
Кӯдакони гурӯҳи сеюм серҳаракат ва беқарор мебошанд. Онҳо бисёр вақт гирифтори диатез ва бемориҳои аллергӣ мешаванд. Волидон, одатан, чунин кӯдакро бемеҳр ва сардрафтор меҳисобанд; ӯ метавонад дар оғӯши модар истода ба рӯи вай шапотӣ занад. Мавзӯи сӯҳбати чунин кӯдакон якранг аст, доираи хаёлоти онҳоро бештар воқеаҳои нохуш, ҷангҳо, кушторҳо фаро гирифтаанд. Ҳисоб, шоҳмот, машғулиятҳои астрономиро дӯст медоранд.
Ба гурӯҳи чорум кӯдаконе мансуб дониста мешаванд, ки гирифтори шаклҳои нисбатан сабуки А. мебошанд. Онҳо аз хурдӣ модари худро дар байни дигарон зуд фарқ менамоянд, аз одамони бегона метарсанд. Чунин кӯдакон, одатан, беқарор, тарсончак, зудранҷ, ноӯҳдабаро, меҳрубон мебошанд. Суханронии онҳо суст ва охири калима нимғурма аст.
Дар оила ба кӯдакони гирифтори А. бояд муносибати дуруст карда шавад. Барои чунин кӯдакон тарбияи муолиҷавӣ зарур аст. Табобати онҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо равонпизишкон, духтурони асаб, духтурони равоншинос ва педагогҳо сурат гардад.
Ад.: Сидоров П.И., Парняков А.В., Клиническая психология, М., 2002; Островская И.В., Психология, М., 2005.
Н. М. Шарофова.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …